Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
хӯрд. Бародари хунсард ба муборакбодии ӯ наомад. Хӯи бадашро, ки медонист, наранҷид. «Худиро ғайбат бикунӣ, меҳри бегона мепарад» ба дил, ба куртаи та- наш лаб намекушод. Минбаъд ҳам кӯри Маҳмуд аз дараш гузар накард, нагуфт пайвандам зинда аст ё мурда.
Зан мушкилаҳоро бардошт. Аммо ҳар шаб аз Шариф таънаҳои бебаркаш мешунавид. Нирӯи бузурги хомӯ- шии Холмоҳ шавҳари бодиро бар маснади сукут ме- шинонд. Пеш аз марг ӯ батамом фаҳмид, ки кӣ кораш меояд. Охир, Холмоҳ буд, ки саҳару беғаҳ аз таки ка- ши вай даст гузаронда, берунаш мебурду меовард. Ша- риф бо азобҳои алим ҷон дод, лекин доғи азобҳояш дар устухонҳои ҳамболинаш монд.
Дар Навдеҳи собиқа калон аз муҳоҷирини нахустин чанд тан мӯйсафедон мондаанду халос. Манони дам- гар ҳам рафту Ҳанони оҳангар ҳам, амаки Аҳрор ҳам бирафту пирамардӣ Аброр ҳам, Ҳокими Собир ҳам раф- ту Азизи Чобир ҳам, Раҳими Зоғча низ рафту найранг- бози Сафолхӯҷа ҳам. Момаи Сайрам ҳам рафту кам- пири Марям ҳам, холаи Зулхумор ҳам бирафту кадбо- нуи Гулбаҳор ҳам, Савсани тоқидӯз ҳам рафту Гулша- ни ҷомадӯз ҳам... Э вой, чиҳо карданду чиҳо гуфтанд, ҳама рафтанд. Ана, паймонаи кампири Холмоҳ низ пур шуду ба ҳамсояҳош «дидоро то қиёмат» гуфт.
Маҳмуд хабари андӯҳро дар саҳро шунид, вале на- пурсид ин воқеаи шум саҳарӣ рух дод ё намози аср? Тиҳимағз. Кадом рӯз ба нафақа мебарояду хом аст. О, то кай мегурезад, мурдадор ҳисоб мешавад, эҳтимол иззати баъдимаргии Холмоҳро низ ба ӯ вогузоранд. Ин ҳама мушкилотро чаро ба зимма бигирад? Шариф нест, сомонашро бачааш биёбад. Маҳмуд бегонавор мерава- ди қатори дигарон бармегардад. Ӯ чиҳо мегӯяд? Оллоӣ! Аз маъракаи сӯяш сад чашм нигарон чӣ хел мегуре- зад?...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё