Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Боли сиёҳи абрҳо ба рӯи хуршед парда кашида, заминро чун дили маъшумон тира гардонд. Одамон бо офтоб зиндаанд. Курси заррин чун кудсияти пок ва рамзи зиндагии хушу хуррамонаи заминиён ҷовидон аст.

Маҳмуд бо сари ҳам ва аз ғояти фикр кӯҳсон вазнинин ба деҳа баргашт. Чабраро кушод ва баъди фосилаи ҷойнӯшие як тӯп сони нопурра сари кифт пайдо шуд. Сони сафедхӯраки рангпаридае. Бар сари пайванди кампир телпаки сиёҳи патрехтаву дар танаш ҷомаи даридае. Чӣ чиз вуҷуди ӯро сарду карахт гардонида? Замона? Беэҳтиромии Маҳмуд ё аз авлодаш? Муаммо. Тӯли як соли бемории хоҳараш ба аёдати ӯ нарафт, кина гирифт, нағз накард. Ба гарданаш гӯё банд баста мебурданд. Хоҳараш гуфта: «Акама гап занен биёя. Ай аҷал халосӣ надорум». «Бимира, илоҷаш осон. Як тӯп сон мегираму мерам!»— посух дода буд ба хабарёр. Ҳоло-чӣ? Маҳмуде, ки дар барҳаётӣ марги хоҳарашро мехост, аз набудани ӯ ғусса мехӯрад. Фарзанди падар дар куҷое бошад, хоҳ дуру хоҳ наздик, қуввати дил аст. Чаро ҳамон ҳин гардани шайтонро нашикаст? Одамизод баъзан дар ҷаҳолату бераҳмӣ ваҳшиёнро ба як нӯл мезанад. Ғазаби якчашма ба ҳадде хурӯшид, ки аз паҳлӯи хонаи хоҳараш гузаштанро ор донист ва тақ-таки ҳаётаҳо ба саҳро мерафтагӣ шуд.

Момои Холмоҳ дарозамала — як соли бутун рӯйи ҷойгах хобид. Дар сиҳатӣ бо саъйи ҳамсояҳо Азизро хонадор кардаӣ буд. Шабе, ки ҷиҳози арӯсро бурданд, зоғ дар шохи дарахти умри кампир «қар-р...» гуфт. Зоғ пай мондаасту ҷуғз пай бардошта. Зоғ рафту ҷуғз парида омад, гӯё акаву додар бошанд. Мудом дар вайронаҳо лона мегузоранд. Гиреҳ зад риштаи кори хайр.

Аслан дар хонае, ки бемории сахт ё маҳзунӣ рух дода бошад, хурсанди пеш намегиранд. Бекасии Азизро ба валидони духтар узр пеш оварда, арӯсро бе дойраву

пешина
аз 139
навбатӣ