Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

АдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

дамбак, бе арғушту ашӯлахонӣ, хомӯшона ба ҳавлӣ фуроварданд, хеле хомӯшона.

Акнун Маҳмуд бо кадом рӯ ба азохона ворид мешавад? Оби чашм надорад, чӣ навъ бигиряд? Дӯсту душман ба забон меоянд. Не, инаш чандон аҳамият надорад. Мард набояд оби дида бирезад. Хавфи ӯ аз дигар ҷост. Меҳаросад, ки мабодо муллое назадаш омада панд бихонад: «Чашм ба роҳи ту будем. Бигир, мурда атро соҳибӣ кун!» Таваккалан то аз сари манзил ҳамбидани мардум аз саф намебарояд, баъд ноаён аз тӯда ғайб мезанад. Ягона роҳи халосӣ аз ташвиши имрӯзаву солона ҳамин аст. Ҳа, ҷиҳати асосиро фаромӯш кард-а? Майтро шахси наздики марҳум ба гӯр мемонад-ку. Азиз ҷавон аст, аз торикии лаҳад метарсад гуфта оқибат ин кор ба гардани вай меғалтад.

Кулбаи фақиронае. Андоваи деворҳои кайҳо рехта, намоён тарқишҳо дорад. Аз хоначаи тангу торе нолаи занҳо, фиғони талхи Азиз ба гӯш мерасид. Вазнин аст шунидани азо. Одамон ҷо-ҷо тӯб зада, аз мусибати гарон, самимияту накӯиҳои момои Холмоҳ пораҳо оварда, дасти дуъо мебардоштанд. Ва бо пайдоиши якчашма мурғи хиёли ҳамагон бар сари ӯ нишаст. Мурғи ҳақ-ҳақ! Чанд тан бо адои ҳамдардӣ паҳлӯяш қадам зада, пеш неомаданд.

Маҳмуд тӯпи сонро ба назди муллои кӯлӯтариш бигзошт. Бо дуъову раҳмати ӯ одамон фотиҳа гирифтанд.
Пирамарди Назир даст ба китфи мусибатзада ниҳода, «худро мард бигир...» — пичиррос зада, варо сӯи ҷисми беҷони хоҳараш раҳбалад шуд. Садои гиряи занҳо нафасе бозмонд.

Пайванди пиразан дар остонаи дар истод. Чашмони
хунбор ҷонашро фишурданд ё не, ашк дар дидагонаш
меҳмон нашуд. Бо талқини паёпаи занҳо то болои сари
хоҳараш омад ӯ. Кампираке матоъи рӯи марҳумаро андаке бардошт, ки бародараш охирин бор назар афканад,

пешина
аз 139
навбатӣ