Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Оби сатил рехта буд...
— Баҳона наков! Ҳама ҷоро саги ҳаромат ифлос карда...
— Ай мусулмон! Ҳозир об рехт...
— Латта биёру хушк бикун. Аз дасти саги ту на шаб ҳол дорему на рӯз. Ҳе, дар даҳони ту ворӣ саг-дор... — акнун сагро таёқ мефурòвард, ки Гулӣ қуфлро кушод.
— О, ноинсофе, — пешонии хунолудаи ҳайвонро ба пахтаву аз болош латта баст пиразан...
Баногаҳ дари хонаи кампирро паиҳам кӯфтанд.
— Дар куҷо ҷоғаҳ шудӣ, фартут?! Ку берун баро-о!
Пиразан пешонии сагашро баста, ба гӯшаш ким-чиҳо гуфт ва аз дар берун шуд.
— Чӣ вовайло дорӣ?
— Туро даъват дорам, карӣ намешнавӣ?!
— Саги бечораро хунолуд кардӣ, беимон.
— Ҳолӣ ба милисахона мекашамат!
— Ба чӣ айбе?
— Хонаи давлатиро ифлос кардай, ин як. Бачаҳо тарсида-тарсида ба мактаб мераванд, инаш ду. Дар лабҳом табҳол баромад, се. Ҳине масти хоbem, сагат меҷакад, чор. Думи сагат каҷ, инаш панҷ. Боз...
— Мумкин ба панҷумаш милисаҳо бовар кунанд.
— Маро гов хиёл кардай-а? Бикшой даратро, то қасдама ай саги лаънатӣ нагирам, тинҷ намешинам. — Бас кун, э мусулмон. Чанд сол ҳамсояем. На ту ба ман кор доштиву на ман ба ту.
— Пати-пати бисёр накун, бероҳа биист! — бева-зан Гулиро яқнима тела дода, пеш ҳаракат кард. — Имрӯз девор, пагоҳ танама олуда мекунӣ!...
Ними танаи бевазан даруни дар мешуд, ки саг аз айвон «ҳо-оф!» — гӯён парид. Ҳамсояи даъвогар сар-кану покан гурехт, ки Шарик ба як хез дар остони дар ба ӯ расид ва ба сурини ғафсу бозингараш дандон халонд.

пешина
аз 139
навбатӣ