Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

сар кард. Занак нафаҳмид ва аз бесаранҷомии асп лаб кушод. Бобои Ҳаким ба мақсад оқилона наздик шуда, «се соат пеш як даҳмардаро балнисā овардаанд, тобаш гурехтааст...», — гуфт. Аёли даҳмарда навҳаро сар дод.
«Хонамой» менолиду сарашро ба устуни долон мезад.
Марди пир ба ҳоле аромаш кунонд. Мӯйсафед ҳанӯз аз рӯи долон нафуромада, Рухсора бо духтараш аз дарвоза берун шуданд.

Зану духтари мушаввашҳотир ба шифохона расида, тарсону ларзон палатаи даҳмардаро пайдо карданд.
— Мардак, дил гувоҳи ҳақ будааст.
— Барои чӣ?
— Аспат пушти луч омаду дар дилам алови сӯзон рехт, мефаҳмӣ?! Гуфтам: мардакам бе мушкил нест...
— Чӣ-й? А-асп? Аспи худамон-а? Ба ростӣ, аспи худамон ё... Чӣ хел аст, асп?

— Асп! Асп! Аспат моро талҳакаф кард-е. Хубаш бурда бифурӯш аспа.
— Дод!! Бас! Аҳмақ! Занак, ту чиҳо мегӯй? Шарми рӯи одамон намебуд, бобат мекардам. Дониста бош:
зиндагии серу пури мову ту ҳамон асп аст. Фаҳмидӣ?
Халтаи қанду ордро ба пушти асп меорам, дар назāрат кори сабук метобад? — даҳмарда ҳузури одамонро дида, даври лабонаш лабханди маънодоре нақш баст, соҷортар шуд.

Беморон вазъи нохуштаре гирифтанд.
— Рухсора, саросема нашав, асп кай, чӣ хел, аз куҷо омад? Созтар гап бизан... — хастаҳолу сулҳҷӯёна овоз баровард Мирзораҳим.

— Асп, дина, пушти луч ... — канда-канда ба сухан
пардохт зани даҳмарда, — девонаавзо хона омад. Ҳа,
зувораи ҳамир гирифтан пас пӯшокҳои шустагима афтов мекардам. Дар гумонам дарвозаро зани бобои Ҳаким тақ-тақ дора. Берун бароям, рӯбарӯ — аспи худамон Оҳ, агар медидӣ... Сараш ҷудо, ёлу думаш ҷудо

пешина
аз 139
навбатӣ