Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

бозӣ мекард. Бовар мекунӣ, аз тарс чанде гунг шудам.
Тоба! Дар умри сарам надида будам аспи бозингара.
— Рухсора бо ёди ҳамон лавҳа гиребонашро дудаста дошт, гулӯяшро ғиҷчовак гирифт, сар ба пеши поҳош афканд.

Мирзораҳим бо андешаи он ки мабодо аз асп тагпурсӣ карда ҳодисаи нохуше бишнавад, хомӯширо афзал донист.

Баъди боздиди беморбинҳо рафта-рафта як гӯшаҳаки дили Мирзораҳим сиёҳ шуд. Дар ғами ҷонаш не, бо ғами аспаш месӯхт. Дид, ки ҳамроҳонашро хоб бурдааст, ӯ ҳам то пешонӣ кӯрпаро боло кашид. Чашмонаш пӯшидаву дилаш бедор буд. «Аспи бечора...», — пичиррос зад ӯ. — Аз афти кор, Ҷумъа бо вай унс гирифта натавонист, охир «дилро ба дил раҳест».

Вале даҳмарда намедонист, ки...

Шаби аввали рамапой аз дили Ҷумъаи танҳову ноомӯхт саду як тахмин гузашт. Ӯ маҳтобро дӯст дошт, ситораҳоро афзунтар. Аспакӣ гирду атрофи рамаро давр мезад. Беҳад шод буд, ки асп гашта омад. Нони даҳмардагӣ оши ҳалол будааст. Умре болинат сари санг ҳасту кӯрпаат чакман.

Шаби дигаре... Тундар табли «ҷанг» зад. Муддате бигзашта, аввал борони реза, в-он гаҳ жолаи сахте борид. Яке буд аз самти шимол шамол хест, гирдбод барбари асп медавид. Сиёҳабрҳое дар само хайма андохтанд. Ҳаво сарду тира гардид. Асп шиҳаи бадарде аз сина сар дод, ки садош то дуриҳо бирасад. Ҷавон аз самти дара уллоси гургро шунида, ҳуш аз сараш парид.
«Гург!» — гӯё бишнид аз ғайб. Хаёле вуҷудаш караҳт гашт. Ин акси овози худаш буд. Гург дар ҳама ҳолаташ гург аст! Асп беқарор менамуд. Ҷумъа шунида буд, ки гург аз оташ чени аҷалаш метарсад. Дарҳол аз асп фуромаду латтапораҳои даруни хӯрчинро ба сари ду асо баста, гугирд зад. Сонӣ, по ба рикоб ниҳод ва аловдастаҳоро

пешина
аз 139
навбатӣ