Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
пеши бағал бардошта, бо тафохур гирдогирди ги-лем як давр заду аз тамошогаҳ берун шуд.
Паҳлавони пир ҳамоно сӯйи майдон менигарад. Чеҳ-рааш пурожанг, нигоҳаш камнуру шикаста, хатҳои ҷа-бинаш чӯяҳоро мемонад аз беобӣ хушкида, ба абрӯ-вони ғафсу сиёҳаш тора-тора сафедӣ дамида. Аз рагу пайи барҷастаи дастон ва қафаси синаи паҳни ӯ осораке нест. Тақдири одамиро бинед-а. Дар умри бебозгашт ҷавлон мезанад, барҳақ дунёро ҷовидона мехонад, вале ба вартаи пирӣ мефитад. Ҳарчанд ӯ ба ин маърака бо ҳукми дил омадааст, дар нигоҳаш ҳама чиз пирӣ па-зируфта. Вай ба фарёди шинос ба дунёи худ баргашт.
— Баҷаи мардак ҳалуки ошнои моро хуб кор фар-муд!
— Кадом ошноятро?
— Искандаршоҳ-чӣ! — хитоб кард пирамарди паҳ-лавонсурати хушчехрае. — Ҳамоне ки Мирзои «хом-пӯш»-ро афтонда буд-ку. Бимирам ҳам, ғами оҳу дар дилам ҳаст.
— Ҳа-а, мағзи сарат ҷунбида буд-а? — бо ҳазл гӯштини ҳамонсоларо ёдрас намуд ҳамсафараш. — Би-шин, куҷо меравӣ?
— Пеши дӯстам Искандаршоҳ! Ҳу, ана дар он ҷо...
....Паҳлавони пир ношиносеро дуртар чашмандоз кард, ки сӯяш гарм-гарм табассум дорад. Ростӣ, аввал ӯро нашинохт. «Аз байни солҳои зиёде гузашт. Наход, ҳамон бошад-а?» Чашм дар чашми ӯ бовараш наме-омад. Чун дид наздик меояд, ба истиқболаш раҳравои оғӯш кушода, гуфт:
— Искандаршо-о-оҳ!
— Мирзо-о-он ҷон!
Бархе аз гӯштин дида ба лаҳзаи дидори ду паҳла-вони пир ҳавасманд буду дигарон саргарми тамошо. Дидаҳо ба рӯяшон табассум нақш баста, авзошон дар як они воҳид тағйир хӯрд. Гӯё паҳлавони шинос то кунун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё