Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
Паҳлавонон паси ҳам гардиш хӯрдан гирифтанд.
...Нигоҳҳо. Дардноканд онҳо. Метавонад офарин бихонад, ноумед гардонад, ноаҳлро ба раҳ дарорад, одамро бикушад як нигоҳ. Ва ана, ин нигоҳҳо ҷониби Искандаршоҳ маломатгаранд. Барои чӣ, инашро нафаҳмид.
Ҳо, ана он нигоҳҳо дуъоҷӯи бахти сафеду эъҷозу икроми ӯянд. Оҳ, чанд нигоҳе мехоҳад вайро радди маърака бибинад. Дуруст мегуфтаанд, ки «сиёҳии гов дар берунаш, сиёҳии одам андарунаш нуҳуфта».
Ин маротиба паҳлавони хумдоншакл амирона омад! Искандаршоҳ ба истиқболи ӯ шӯхтар бозид. Мирзо бо чашмони нимпӯш-нописандона дастонашро гурезонда, аз худ меронд варо. Алами мардак ҷӯшид ва хост «ҳарифаки бозингар»-ро тори сар бардошта, чунон бизанад, ки мағзи сараш пош бихӯрад. Ҳайҳот, чархи фалак бо хоҳиши инсонҳо намегардад, балки Замин дар гирди меҳвараш ҳамвора давр мезанад. Яке буд Искандаршоҳ бо ҳиллае остини рости «хомпӯш»-ро ба чанг оварду аз тайи фӯки вай гузаронд. Қомати ҳариф чун алиф рост шуда буд, ки дарҳол дасти чапашро дошту ҳалукаш печонд. Паҳлавон мехоҳад аз ҳалук хато бихӯрад, Искандаршоҳ камингоҳашро бамавқеъ бигрифта, «сайд»-ро маҷоли беруной намонд. Дар ин сонияҳои барои «хомпӯш» ноҳинҷор ӯро як-ду бор пуштнокӣ тела дод. Мирзо якбора ақиб рафт, ҳалук ҳарду пояшро аз замин барканд ва ба ранги чинори азимҷуссае, ки батадриҷ решааш табар хӯрда, якнима бор мегирад, бо вазни худаш чунон гумбуррос зад, ки ба атрофу акноф ларза биафканд. Мардум ба по хест, чеҳраҳои шукуфта ва нигоҳҳои ханданашон оре, нишонаи нишот буда. Искандаршоҳ бо ёрмандии ҳарифашро ба по хезонид, ӯро ба оғӯш кашида, хайрухуш кард ва сару либоси камёбу қолини пурнақшеро бурда ба назди Давлат-паҳлавон бигзошту пас гашт. Баъд, оҳуи зеборо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё