Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҲАСРАТ

Мӯйсафед рӯи парбистари сафеду озода бо чашмони нимпӯш ҳамдилону ҳамсолонашро мешинохт ё не, забон дар комаш часпида, ҳазён мегуфт. Гуфтораш норавшан. Беқарории ӯро ҳамсояҳо ҳар рақғ тавзеҳ медоданд. «Аз ягон кас қарздор аст. Адо накардани қарз одамро азоб медиҳад, ҷонсарак мекунад. Қиёнанд қарзхоҳонаш, ки пагоҳ меоянд?» Не, ӯ дар зиндагӣ қарздор набуд, лекин дар дами пирӣ фарзанди ноасл миёнашро шикаст, аз хона баромада рафт, ғамбемораш кард.

Чӣ васияте дорад ӯ?

Бемор дастони хароби дарозашро ҷунбонда, як қатра об хост. Буғум ба буғумаш дард мекашид, дарди ҷудой. Қафаси синааш аз нафасгирии номураттаб ҳайратовар пастобаланд мешуд. Кампири Ороста гирди болини мӯйсафед парвона буд. Гоҳ ба даври лабони парсингбастаи вай бо пахта об мечаконду гаҳе маҳин-маҳин пешониашро мемолид. Аз хурӯши ғаму ғусса дили пиразан чакдонеро мемонд тафсон. Замину осмон пеши назараш гирдгардон буд. Одамонро не, хиёле сураташонро медид, шабаҳ болои сояҳошон меафтид.

Аёдатомадагон аз коҳидани таровиши чеҳраи мӯйсафед рамузҷӯ оҳи синасӯз мекашиданд. Нигоҳҳои маъюсолуди хешу табор ва ёру дӯстони бобои Маҳмадалӣ, ки пеши ҷойхоби ӯ давра нишаста, бихилӣ металабиданд, роз доштанд, рози ҳамдардиву сипосгузорӣ. Қариб ҳамаи онҳое, ки намаки дастархони марди пирро чашида, боре аз сӯҳбати ширину хотирнишинаш баҳравар шудаанд, дар як ҳафтаи беморӣ ҳар рӯз хабаргирӣ меомаданд. Ҳамсояҳо пирамардро на ҳамчун вакили гузар мешиносанд, балки барои фазилатҳои начиби инсонӣ ва ёвари беминнати аҳли деҳ буданаш киромӣ медоранд. Ва касе нашнидааст ғайбати ӯро. Азалӣ

пешина
аз 139
навбатӣ