Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Як тӯморча навис.
— Бузи шайтон моро ҳай ғам дод-е.
—Дар кади кӯча тӯмор нанавиштаам, — аз амали савоби хеш менозад бобои Абдуғанӣ.
— Ба хона бирасем, менависӣ?
— Буздор худаш биояд.
Ва бузи сафеди муллоро пешандоз ба деҳа меорем.
Худоё, ҳамсояи серҷоғ даври ҳаёт гаштаву ба сари ҳафт пушти хонаводаи мо нафрину маломат меборонд.

Дар осмон болотар пар мекашам. Як зарра аз ин сипеҳри бузург ҳастам. Хоҳише дар замирам тавлид ёфта, ки воқеоти ғалатиро ҷуз ба ҷуз ба модарам ҳикоят бикунам. Аз остонаи ҳавлӣ кайҳо дур афтодаам, аммо нерӯе чун оҳанрабо ба ин даргоҳ мекашадам.
Ва модари дасту остин барзадаам орд хелидан дорад. Гоҳе хамир миёни ангуштонаш газ медиҳад. Намакаш мезанад. Ва камакак орд пошида, гаштаю баргашта мушт мекубад. Хамир сақич барин часпак шуда, давраш гирдаву болош ҳамвор мешавад. Рӯи лаганро мепӯшонад. Мехезалу дастонашро дар оби хунук шуста, ба ҳаёт медарояд. Пасонтар дари чапараки хелро кушода, ним дарза алафи досдаравашро ба пеши гови гӯсоладор мепартояд. Дар лаби пали пиёз ҳишовагар мебинамаш. Сайлигул дар бараш меҷунбад. Апагиву хоҳарӣ ё додарӣ бе ҷанҷол кам воқеъ мешавад, гаҳе нофаҳмида меранчондемаш, лек ӯ моро намеранҷонд. Модарам навдаҳои кадуи ба аҷрикҳо печидаро баэҳтиёт аз ҳам ҷудо сохта, бехи палакҳои ҳарбузаву тарбуз ва чӯяҳои помидорро нарм мекард ва рафта чӯби латтапечи дами повардони наҳрро мегирифт. Гӯшнавоз меомад шилдирроси об. Аммо ҳамсояи навомаде, ки чӯйбор аз дари ҳавлии ӯ мегузашт, мешунавинд, ки аз дигар ҷо об гирем, хонаҳош нам кашидааст, агар не, пули зиёнро бидиҳем.
Чӯяҳои сабз об мехӯраду чеҳраи модарам мешукуфад. Ӯву апаам онсӯтари ҷувориҳои қадкашида менишинанд. Оби равон меояд.
Зардии офтоб медамад. Офтобнарастҳо ҳамон сӯ рӯ мегардонанд. Майнаҳою гунҷишкон ба тарафи офтобнарастҳои

пешина
аз 314
навбатӣ