Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Нимхом лашкар мекашанд. Шарикдарсам Валӣ аз гӯлак ҷониби селаи паррандаҳо санг меандозад, ки ба тунука бармехӯраду бо так-туки бардавом ба ҳавлӣ не, пеши пойи модарам ғалтида, аз шумрӯйи бача тангдилона мегӯяд:

— Ҳой Валӣ, шоҳи тута монда тунукара мезанӣ? Безабонакора назан, уболаст.

Садо намеояд. Валӣ тарки одат кард? Худо медонад. Аз гӯшаи дуртаре санг меғалтад. Ба сараш санг меборад, ҳамсояро намеранҷонад. Хурдашро фарзанд, калонашро пайванд мехонад. Аҷаб модаре дорам, раҳмгину нозбардору бофиросот. Чурматро пеши дигарҳо нагӯяд ҳам, гунаҳкор хатояшро мефаҳмад.

Дӯгкаширо мешунавам. Ду сари тасмаи ба чахчӯб печидаро муттасил мекашаду мекашад. Хубобчаҳои болои дӯғ рӯған ҷудо карда, ба маска табдил меёбад. Кашиши чахчӯбро тезтар мегардонад, хубобочаҳо пош хӯрда ба чеҳраи модарам чо-чо мечаспанд. Холҳои сафед! Зеботар метобад модарам, аз «холҳои сафед». Аз дӯгкашӣ бозмеистаду дар чиние маскаҳои чахдекро рӯ-рӯ мегирад. Медонам, ки ин ҳаққи падарам аст. Садои чахчӯбу чахник зарби мусиқии форамеро ҳамранг мешавад.

Оҳистаҳак омада-омада паси чапараки шиги хота менишинам.

— Одами хушбахт кияст, медонӣ, ҷони оча?

— ...

— Ҳамоне ба обилаи кафи даст нон мехӯрад.

— Бадбахташ кӣ?

— Оне, ки тоқа мезияд.

— Ба ин гуфт момаи Ойим бадбахт аст?

— Бачам, Ойима ғаму ғуссаи зиндагӣ бадбахт кард. Ба саҳро якҷо мерафтем, ҳамаро механдонд. Бачаҳо хушдораш мешуданд.

— Аз чӣ боис девона шуд?

— Як бача дошт у. Номаш Худоёр. Зан гирифт. Одамизода гуфта як-ду кас дарашро мекушод. Лекин арӯси сиёҳпичча қадри некиҳои хушдоманша надонист, рӯзбарӯз бадаш дид, сояша аз девор метарошид. Ахиран, арӯс бо бачааш кампира партофта рафтанд. Ана, ҳамин хел ҷони оча, — оҳ мекашад модарам. — Бача калон мекуниву арӯси бераҳм кашида мебарадаш. Э-э, ту дигар чиз пурсидӣ-а? Як шаби гармои тобистон тӯлаи саи раҳои шабгард чароғи хонаи кампира хирасӯз дида, ба таклиди овози ҷонварҳои

пешина
аз 314
навбатӣ