Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Офтоб рух назада Насрулло дӯсташро такя бардошта, дасту рӯ шуст, як пиёла чой дод. Пасонтар ӯро бо амаки Маҳмадулло баэҳтиёт бардошта бурданду ба «Запорож» шинонданд. Убайдулло аз ҳавас як-ду акси номварони синамои ҷаҳонро андруни мошин чашмрас ширеш молида, ба ифодаи Насрулло «арӯс»-ашро ҳусну бахшида буд.

Ҷавони маъюб танҳоиро хуш надошт. Шабе, ки ошноҳо рақамҳои мошини навро часпониданд, писар дастҳо пеши бар, ташнаи меҳрубонӣ ба падар гуфт:
— Чӣ хизмат бикунам?
— Худо зудтар сиҳат шавӣ, ормонам ҳамин.
— Ба куҷо бибарамат?
— Аввал ҳай кардана ёд бигир.
— Ҳоли маро намепурсӣ?
— Арӯсат биёрам? — аз лутфи бачааш хушҳолӣ дарёфт падар.
— Не.
— Ё табиб мехоҳӣ?
— Худам ӯро меёбам.
— Дар номат ҷонам, бачаи бағайрат-е. Агар не, чӣ хизмат мекунӣ?
— Ба кор даромаданиям.
— Ко-ор? Э, биё мон-е...
— Хонашинӣ ба дилам зад, мошиндор шудам, дар ягон ҷо кам-камак меҷунбам.
— Бачам, мо ҳам ба худ дӯсту душман дорем. «Як бачара нон дода натавонист!» — мебофанд бадбинҳо.
— Дар назди идораи Ҳикматшон сехи нав мекушоем.
— Амали бахайр аст охир?
— Санг метарошам, сангҳо барои мазор.
— Поҳот дардманд, ягон санг панг чар шуда, маъйубат накунад. Дар номакат бимирам, дар хона осуда бишин.
— Савоб мерасадам аз гузаштаҳо.
— Сангу савоб? Ҳеҷ туро нафаҳмида истодаам.
— Барои мазори гузаштаҳо катиба менависем.
— Ба мазор китобнависӣ?
— Китоб не, катиба, яъне, таваллуду фавти худораҳматиро ба рӯи тахтасанг сабт мекунем.
— Ту чӣ мегӯӣ, намефаҳмам...

пешина
аз 314
навбатӣ