Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷавон аз рӯйдоди ногаҳонӣ ҳайратзада, пойҳои қарахташ гӯё ҷон даровард, ларзиш хӯрд. Дигар ӯ маъюб нест, агар ки Рӯшангул ҳамин ҷо бимонад. Дар партави чароғи дасти духтар ашки хушиҳо ба бари рӯяш таровида, дуди оҳаш мегӯӣ ба равзанаи хона печида, худро соҳиби бахту тахт ва даргоҳи ободе медид.

Яке нигоҳаш ба ҷомаи шаҳии бари девор, ки модар бо ҳавасҳои зор дӯхта буду кам не, ғам не, бисту панҷ баҳори инҷониб ҳайрон мехобид, часпида, аъзои баданаш дард кашид. Аз болояш тоқию локии гулдӯзӣ намоён менумуд. Дили оҳаш ба фалак хест. Пойи равон надошт, ки бархезаду ҷомаашро дар умри сараш як бор, ҳамагӣ як бор пӯшида, рӯ-рӯи хона гардише бихӯрад. Пӯшидани ҷомаву ба сар бастани тоқии шаҳӣ намефоридаш, ҳеҷ рағбате надорад. Худоё, бо дидани ҷомаи гулдӯзӣ дар магзаш он рӯзи наҳс рӯ мезанаду сояҳое аз пеши дидагонаш ғайб мезананд. Нигоҳаш сӯйи фазои ғуборолуда мекуҷад, хуршедрӯяш меҷӯяд. Ба бахти бади ӯ имрӯз курраи ҳароратбахш паси абрҳо дармондаву заминиён ба дидори офтоб зори зоранд. Мегӯӣ ҷомаи шаҳии бари девор аз сарнавишти вожгуни ҷавонмарди бетолеъву безор баҳасрат навҳагарӣ мекунад. Ё роз мегӯяд, розу ниёзи дили хунҷакони шаҳи номуродро. Навҳаи ҷомаи шаҳӣ!

пешина
аз 314
навбатӣ