Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

буд, мегурехт. Кабки қафасӣ шуд Марям? Дар нимароҳ бифурояд, зарари ҷонаш. Маъруфро аз ҳусну ҷамоли зан рағбаташ омад, ки лаби оҳанг навохту баҳасрат суруд:

Аз бом паридем ба бомем ҳанузе-е-е-е...
Сад аспа харидем, ғуломем ҳанузе-е-е-е.
Сад аспа харидем тамомаш ба лаҷоме-е-е-е.
Дар ҳасрати тойи навлаҷомем ҳанузе-е-е-е...

Ва, мардак ба гӯшаи чашм ба мусофирзан бингарист: ку илтифоте дорад ё на? Марям таслими андешаҳои саргумаш буд. На байташ мефориду на дилхушӣ. Ҳамоно худро сарзаниш медошт, ки афсӯс, хеле дер ба роҳ баромад. Ва ё як шаби дигар меистоду субҳидам озими роҳ мешуд. Хонаву дар, аз ҳама муҳимтар фарзандонашро ёд карда буд. Ҳамакнун дар ин раҳи дароз омаду ноомадашро аз пешонӣ мебинад. Ба ҳурмати ҳамсафарӣ ва рабудани хомӯшӣ мусофирзан кӯтоҳак гуфт:
– Ширин хондӣ, акаҷон.
– Дидӣ, сиёҳгӯшзора? – беқарор чашмак зада, ба теппа ишора кард Маъруф.
– Гули баҳор, сиёҳгӯш...
– Мефуроем, гул мечинем, баъд меравем.
– Ағбаро ба рӯшанӣ бигзарем.
– Сад сол боз ағба дар ҷояш. Гул бичин, хушрӯ бичин...
Маъруф аз мошин фуромад. Вай бар-бари теппа калов-калов гул меканд. Ҳавасаш омад Марямро ба пуштаи сиёҳгӯшзор. Фуромаду аз ҷойҳои дастрас гул мечид, ки мардак бо дастаи сиёҳгӯш аз пушта хамбид ва савғои дасташро батавозӯъ ба Марям дароз карда гуфт:
– Маъруф – валади Раҷаб.
– Марям, духтари бобои Расул.
– Одамизод ба ҳукми гулем. Баҳор гузашт, пир мешавем. Гӯё дингаҳақ мактабхон будам, – болои харсанге шишта, пешиниашро кафмол дод Маъруф. — Нисфи умрам рафт. Ҳамин умри кӯтаҳи мо ба ғамхӯрӣ арзиш надорад. Боқӣ, майишат карда мегардам...
Марям донист, ки бо одами нобоб ҳамсафар шудааст. Беҳаё, хушомад мезанад-е. Раҳи бозгашт набуд. Пиёда шавад, мошинҳо

пешина
аз 314
навбатӣ