Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

омадааст. Дар шуъои чароғҳои гулбаргшакл дарвозаи дутабақаи қандакорӣ ва деворҳои хиштини симхоргунаро дида ҳангаш парид. Ин занак ӯро ба маҳкама овард-чӣ? Марям фуромад. Бо пахши тугмаи дарҳои васеҳу нақшин рӯ-рӯи чархакҳо давида, зери нуристон аз қаду басти баланду чеҳраи ботаровати зан дилаш таҳ кашид. Соҳибҷамол ғайб зад. Мошинро ба сарой надароварда, марде тайи либоси сабзи варзишӣ фуромаданашро мепойид. «Ким-кӣ воқеъоти сафарашро гуфта...? - калидро нагирифта ба худ иқрор кард Маъруф. - Оув, оварда-оварда маро ба чанголи дев ғалтонд, а? Бибин, нигоҳаш гӯштингири мугулест». Соҳибхонаи рухсораҳош арғувонӣ чунонки бародари гумкардаашро ёфта бошад, ба истиқбол омад, оғӯш кушод, ҳол пурсид, ба ҳуҷра бурдаш. Оби ширгарм фармуд. Либоси хонагиаш овард, ки бипӯшад, худро сабук дарёбад. Хуб оббозӣ кард Маъруф. Ба рӯву мӯҳош атр пошида, дигари дигар шуд. Саъдӣ дар берун кайҳо мунтазир саҷодаи оҳараш нашкастаро болои дастони дӯсти наваш партофта, боз ба ҳуҷра баргаштанд.

Нахусташӯе, ки дар миёни қолини хушранги хона метобид, сурати кифтбакифти Марям бо Саъдӣ буд. Меҳмон аз дастархони пурнозу неъмат сар намебардошт. Палав пухт Марям, бо дунбаи гӯсфанд. Самбӯсаҳои варакин оби даҳонро меовард. Дар ҳафт анвои хӯрдани қадбонугариро нишон дод. Ҳарсе банавбат ба палав даст бурда, побанди андешаҳои печида буданд. Марям ҳамсафарашро ба «ҷони ширин»-аш ошно карда, бародари қиёматиаш донист. Саъдӣ ҳам сари тавозӯъ гузошт. Занак ҳикояти сафарашро дурӯғомез бофта, аз Маъруф қаҳрамони некӣ сохт, дар табиати мардон тухми меҳр корид. Соҳибхона ба часорати меҳмон дил бохт. Гуфт, ки фардо биистад, гӯсфанд мекушад. Ҳамсояҳо ба дидори ӯ меоянд, риштаи акагиву хоҳарӣ ва бародаришон ба дигарон маълум мешавад. Фарзандонашро ба меҳмон муаррифӣ ва таъкид кард, ки хоҳ шом, хоҳ субҳ биояд, тағошонро бишиносанд. Дар зиндагӣ ягон мушкилӣ барояд, бо кӯмаки ӯ ривоҷ меёбад. Харчи Марям ба рахти хоб густурдани кӯдаконаш овора, Маъруф дами беғам кашид. Афсонаи сафар мадораш рабуда, пеш аз вақт пайкарашро хоб бурда буд.

Мардон аз рӯзгори номард гуфтаву хандида ба ҳавои тоза баромаданд. Саг аз як садои соҳибаш ба меҳмон кордор нашуд, ба гардиши ӯ зор, дум ликконд. «Одами бадавлатро сагаш низ аҳл

пешина
аз 314
навбатӣ