Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Низомӣпӯш ҳамаашро медонад. Азиме, ки ба таъбире буруташро табар намебурид, хориҳо мекашад. Бахти аввалаш ба оҳанги меҳрубонӣ гуфт:
– Аз хона хавотир нашав. Имсол дар бари теппа камтар гандум коридем. Худо хоҳад, борон биборад, ризқу рӯзии кӯдакҳо муҳайё мешавад. Худам даравида, куфта, оварда дар анборча захира мекунам.
– Худат медонӣ... Баромаданам даргумон,– рӯй гардонд Азим ва ҳиққас зад.
– Вақт тамом! – садо кард низомӣпӯш ва маҳбусро пешопеши милтиқ сӯйи хонаи нимторик бурд.
Райҳон бо писарак дилкашол аз маҳбас баромаданд. Азимро бошад, хонаи симонтии чаҳор сӯяш маҳками ваҳмангез, шаби тӯлонии пур аз фикрҳои сарбаста интизор буд. Низомӣпӯш бо нӯки туфанг маҳбусро башиддат ронда, ҳамин зайл дарро ба рӯяш қулф андохт. Баъди рафтани занак Азим пиҷчакашро тах карду зери сараш монда, оҳиста-оҳиста ганабаш омад ва хоб дид.
...Деҳқоне аз пайи ду барзагов сипор бар замин хаста, ҷуфт меронд. Ӯ мошинсавор, сархуш, зери лабон сурудхонон ҳампахлӯяш духтараки нозанине, ҷониби бӯстонсаро равона ба ҳоли ҷуфтгар механдид, ки «бибин, девонаро». Духтарак пурсид:
«Гандумкорӣ магар девонагист?» Азим баландтар қаҳкос зад ва тӯдаи занҳои ба суроғаш афтодаро рӯи раҳ дида, тормозро пахш кард...
Нафаре даричаи оҳанинро мекуфт.
Чанд баҳор бигзашту фасли хазон омад. Номи тоҷири барои чанде бологузар аз ёдҳо рафта буд. Аммо дар ин миён кампири Гуландом, ки ду соли ахир ғамбемор мегашт, шикасти фарзанди калони ба қоматаш бор андохта, вуҷудаш сӯхта-сӯхта аз пой афтид ва интиҳо, дунёи рӯшанро ормонӣ падруд гуфт. Занҳои ҳавасакин Азим пой сӯи маҳбас намонда, шавҳари нав ёфтанд.
Баҳори деҳаи Дашти Деҳлӣ зиндахову мурдаҳоро ба оғӯш гирифт. Дар баландии кӯҳ, рӯ ба деҳа бобои Пирум най менавохт. Мардуми деҳоти дуру наздик муштоқ ба садои форам, андешаманд берун омада, бо як шавки беҳудуд ба оҳанги ошно гӯш фаро медоданд. Найнавоз чанд рӯз паи ҳам аз баландии пайки баҳорӣ мерасонд ва ҳамин амалро савоб мешумурд. Воқеан, овои най ба

пешина
аз 314
навбатӣ