Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

худкушиҳо, балки ин ваҳшониятро бо хати сиёҳ нависем. Он нависем, к-аз фиреби котили аҷдод мо, масти бангу масти нангу масти ҷанӣ, айш ғанимат гуфтаву аз бародар тофта рӯ, дарҳол задем фарёди мо.

Писарак чашмаконаш раҳшида, ба лафзи шевои момо ишк бой медод. Момаашро мефорид ҳушдорӣ ба набера. Ва аз оромиши «арвоҳак» лаззат мебардошт. Ҳам мешунавид ба ҷавонзан, ки рӯҳи гузаштаҳо дар кошонаи мо сайр дорад. Табиат чизи нодаркоре ато накардааст. Бе бадон аз куҷо некро мешинохтем? Оҳо, аз чиготҳои ҷавонзан барфу борон меборад. Зебо ҳам намедӯҳт, вале рӯ ба дарз меовард. Кай ба завқи бинанда кораш буд. Хешонро «биё»-ву «бишин» намегӯяд. Гап аз даҳонат набаромада, тӯтивор мехонад. Фарзандон боло мераванд ё пойини, кораш не. Пиразанро аз насиҳатҳои ба гуфта даҳонаш мӯй баровард. Аммо арӯси зӯҳму сахтсар «одам» нашуд. Панд ба бадҷют ҳамчунон об дар хован кӯфтан аст.

Ду дили тифлона ба парвози шабпарак мувоҷҷеҳ буд.

Шабпарак паси таҳмон паноҳ бурд. Момову набера бесаранҷом шуданд.

... Хеле дер ба дид омад шабпараки сафедбол.

Ва чарх зад, чарх зад болои сарҳову ба дастаки тирезаи нимво часпид.

Аз шамоли остини куртаи ҷавонзани назди тиреза бишнаста ба зулмот пар кашид.

Ҳини хоб чароғро куштанд. Ку писаракро хоб мебурд, мегирист, чириккос мезад, ки шабпаракро кофта биоваред. Ҷавонзанро хоб ҳаром гашт. Мерафт ба айвону меомад гуфта-гуфта ва ба сари писарак мушт мебардошт. Ҳм, аз дугу пӯписаи модараш як сари мӯ накебида, мегирист. Пиразан аз беандешагиву хомтабъии ҷавонзан талх механдид. Модарак ба шӯстушӯйхона даромад, ки гиряро нашнавад. Гирёнчак рӯзаш намедод. Ҳамон шабпаракро мекофт. Мехост имшаб то мондашавӣ бо ӯ бозӣ ба бозӣ хобаш бибарад. Пиразан маҳзун буд, ки рӯҳи духтарашро ноором кард, ранҷид, шаб наистод «арвоҳак».

— Чочаки мазор!

— Ҳаваси бачаро накуш, — тоқат накарда гуфт момо.

— Чок-чок чоқ... Турфа гулаке. Ошиқи патоник-а?

пешина
аз 314
навбатӣ