Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Писарак хеле дам назад. Гирист ва домангир аз падараш бо овози ларзон пурсид:

  • Кабкҳора бозор бурди?
  • Не-е, то ҳол наомадаанд?..
  • Ту бурдаӣ кабкҳора. Дигар бо чӣ бозӣ мекунам?
  • Гиря накун, бегоҳӣ меорам кабкҳора.
  • Агар наорӣ чӣ?
  • Наовардагӣ одам...
  • Номард!

Аз гӯшӣ садои канда-кандаи гиря омаду бас. Ҷавонмард ғамгин шуд. Мабодо то бегоҳ кабкҳо наоянд, писаракро чӣ зайл мефиребад?
Дунёро хонаи умед мехонад. Ба умеде, ки марди роҳ дар нимароҳ намонад.

Ба умеде, ки ба хати зебои форсӣ пиру барно бихонему бинависем, аз дастдодаҳо дарёбем.
... ва «Қуръон»-и шариф, «Маснавӣ...»-и Мавлоной Рум, «Авроди фатҳия»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз хонданиҳои рӯимизии бофарҳангон бимонанд.
... мазори гузаштаҳо нигаҳбон биёбаду ба рӯҳашон ҷовидона газанде нарасад!

Сано бодо, худафрӯзӣ, ҷавонмардо, ту пирӯзӣ!

пешина
аз 314
навбатӣ