Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
болҳои миннатдор аст. Умре пастиҳоро намеписандad, баландиҳо ошёнаш буд. Ошёнгузорӣ дар қуллаҳои осмонбӯс насиби ҳар парранда намешавад., «кори ҳар буз нест хирман кӯфтан.» Достон андар ситоиши уқоon мегӯяд, ки аз баландии баландиҳо мӯйи болои ҳурман шир афтодаро медидааст он.
Уқоб сарнишеб омад. Ба рӯи шахи намоёне нишаст, подаро аз назар гузаронд. Марди қавипайкари шофбуруте савори аспи мушкин, лачом бастаи қоши зин, подабонӣ дошт. Як тараф гӯсфанде барран навзодашро мелесиду дигар сӯ гӯсолае ба пистонҳои сершири модар кӯмак мезад. Чанголҳои тези уқоб бемадор шуд: чӯҷаҳош омад-омади модарро нигаронанд. Барра ҳам ба модараш азиз аст. Не, бас аст, дигар ба ҷондоре чангол нахоҳад зад.
Мӯйсафеди подабон аз асп фуромада, ҷонварро тавила кард ва дар пуштаи сабз нафасе най ба лабон, оҳанг навохт. Баҳорои ифшои дарду доғи зиндагӣро ба най месарояд.Бародари ӯ, ки аз бари кӯҳу ёна бузу гӯсфандонро мегардонд, садои нишоту ғамро намешунид. Ӯ талош дошт моли мардум ба замини гандум надарояд, то кор ба расвой напечад. Чи бисёр. ҳангомаҷӯ, В-он гаҳ боиси помол сохтани зироати ҷамъият дар ба дари идораҳо забонхат менависад. Бад мебинад ӯ даъвобозиро.
Сайиди Барот хеле най навохта, хастагиашро баровард ва рҳкашон асбоби дӯстдорашро ба рӯймолаке печонида, дар чебаки яктахаш андохт. Баробари рафтагориш уқоби тӯъмаҷӯ ба ҳаво хест. Лонааш дар бари шахи баланд- болои як гирдсанги дӯнгидор воқеъ буд. Аслан ҷойи чӯҷаҳо мувофиқи табъ-бехатар нест, вале чӣ илоҷ? Ҳамеша рӯзона аз даруни ҷангал ва дараҳо хӯрокашон мекашонд. Имрӯз ба он ҷойҳо намеравфт. То тӯъмаи нақд наёбад, ба ҷонваре чанг намезанад. Ҳа, аз саҳар боз шикораш бебарор аст. Уқоби пешина нест, камкувват шудааст. Як раҳмдилие, ки аз куҷо ба вучудаш раҳ ёфт, чаро аромаш намегузорад, намедонад. Намехоҳад ҷонвареро баазоб бикушад.
Солҳои пеш дар маконе, ки ошён дошт, кулли паррандаҳо меҳаросиданд. Ҳини парвозаш бол намезаданд ва ё аз кӯҳу камари наздик дур мерафтанд. Эҳс, медонистанд, ки уқоб кай аз лонааш мебарояду кадомин фурсат бармегардад. Аз даврони нерӯмандиш меболид. Зоғҳо аз тарсаш села-села мегаштанд. Маротибае як зоғи худписанд бо «қар-қар-р» ва гӯшхарош гирди лонааш бисёр чарх

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё