Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ташвишҳои олам ба сари модараки ман бошад, а?

  • Субҳидам, хеста нон мепазем, лекин раҳматии васият карда буд, ки мурдама бишӯ, - маслиҳат мехоҳад модарам. - Иҷозат медиҳӣ?

  • Васиятро ба ҷо биёр, - сар мебардорад падарам, - мурдашӯй кори савобаст.

  • Оча, момаи Хадича чандсола буд?

  • Мӯҷалаш наҳанг, ба ҳаштоду се даврааш гардониданд. Одами хубе буд.

  • Мурдаро худат мешӯӣ?

  • Ҳо, васияти момаат ҳамин.

  • Наметарсӣ?

  • Куллӣ зинда-миранда, бачам. Имрӯз мурдаеро мешӯем, пагоҳ мурдаи моро мешӯянд. Кори дунё қарз. Ҳа, калон шав, баъд мефаҳмӣ.

  • Оча, нашӯ мурдаро, метарсӣ, - аз роҳ гардонданӣ мешавам ӯро.

  • Васията ба ҷо овардан даркор.

  • Васият? Чӣ хел васият? Кӣ? Кай омад? - гӯлпурсӣ мекунам.

  • Э нодонаk-е, васият хоҳиш гуфтанӣ гап. Рафту гуфти мирандаро ба ҷо наорӣ, дар гарданат то қиёмат қарз мемонад.

  • Оча, бо кӣ гап задан дорӣ?

  • Бо парвардигор.

  • Чӣ мегӯӣ?

  • Муноҷот.

  • Аз чӣ бобе?

  • Навиштаи пешониро хонда натавонем. Ба ҳаминаш ҳам шукр...

  • Бошад одами бегуноҳе?

  • Дар шир тарат карда бошанд, ба дунё омадӣ, олуда мешудай.

  • Ширро полудан бояд.

  • Шабҳо дар зикри Оллоҳ биишину илтиҷо бикун, ки биёмӯрзад туро.

  • Ғарқаи гуноҳем, оча. Эҳтимол ба шустан пок нашавем. Дунё олуда ба гуноҳ!

  • Покиза бигард, бачам.

пешина
аз 314
навбатӣ