Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

бузургворам дар гиряҳо ӯ ширин-ширин механдад ва тифлро ба ҳазору як умеду ҳавасҳои ниҳониву забони баҳузур ба гаҳвора мехобонад у нияш мекунад:

  • Худоҷон! Ба даргоҳи муқаддасат рӯи ниёз оварда, илтиҷо мекунем, ки нияти моро тани сиҳату бахти сафед, умри дарози беғам, фаросату фароҳаддасти бубахшою ба камоли пирӣ бирасонаш. Омин, Оллоҳу акбар!
  • Як арӯсаки нозанини муяссараш бигардонӣ, - ба ханда меафзояд апаам Сайлигул.
  • Чӣ номаш мемонӣ, мома?
  • Алиҷон! То ки арвоҳи бобои Ҳазрати Амирҷон мададгор шавад! Дар номакаш бимирам, Хатлон ба шарофати ӯ ободаст.
    Кошонаи моро хушҳолӣ фарогир шуд. Мосте базавқ механдид, тифл мегирист, «ҳелчаи кафтар» зеб мегирифт. Дар навҳаи ниний модарам байт мехонд, лафзи кӯдакона ба лаб, гаҳвора мечунбонд.
    Меҳмонони роҳдурӣ шаб истода, наздик мезистагиҳо мерафтанд. Модари арӯсро роҳаш дур набуд. Ҳайратам мефизояд: мешишту меҳӯрду ба гӯши духтараш ким-чизе мегуфт.
    Оббо, тахминам хато намебарояд. Шаб ку ба касе сӯҳбат наорост, пагоҳӣ занаки номуносиб пеш аз роҳакишавӣ дилҳоро озурд. Хайр, хушдоман аст, баъд-чӣ? Як пора матоъро аз қадри одамӣ боло мегузорад? Нисбати андозаи синну сол ӯ духтари модарам мешавад. Печутоб мехӯрам, азият мекашам, ба долон мебароям.
  • Нинибинӣ не, куртапӯшӣ омадаям, чӣ мегӯй? Гаҳвора овардам, ду даст дар бинӣ хеста намеравам!
  • Ҳоли куртаи бомазира бипӯш.
  • Бомазита патаки калушам намекунам. Шоҳатлас биёр, фаҳмидӣ? Ҳамсояҳон моро намедонӣ.
  • Сарта ба сари ҳамсояҳо намон, хоҳар. Дар бисотмон ҳамин қадар бошад, чӣ кор кунем?
  • Зора накардем бачата зан те!
  • Ба умеди ободӣ домани шуморо каппидем.
  • Биков, шоҳатлас напӯшонӣ, ғамат медиҳем.
  • Нест.
  • Хуб, хиҷлат ин ҷо подшоҳ мемонӣ? Не, бидон, ки хокдаханат мекунем!
    Кароҳаттӯйҳоро бишнида, аз тани модар алав мегирам, боз
пешина
аз 314
навбатӣ