Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

мебарад. Ва нинӣ дар бағал бозмегардем ба хона. Не, ҳанӯз аз мошин нафуромада, Раъногули хоҳарам чорҷала меҷошад. Кӯдаки маҳшар дар тинҷинӣ паропар мекунанд. Модарам ба истиқболи меҳмони нав дар остонаи дари хона пойандоз густурд. Нинию модараш аз болои матои сафед мегузаранд, ки шофир ҷангаш мезанад, ҳаққи ӯст. Кайҳо модарам ниниро тайи ҷомаш гирифта, ба гӯши ӯ хушгӯй дорад. Баъд парпечро кушода, сару тан ва нофи вайро аз назар мегузаронанд, ки рӯ гирифтааст ё на? Парпечи бастаи духтаро мефорадаш, вале боз шишачаи рӯғани загиру поран пахтаро омода месозад. Ҳамон шишачаеро, ки як рӯз арӯс «бӯяш сарама гаранг кард», – гӯён қариб мепартофташ, кампир намонд. «Сад рӯз дар бору як рӯз даркор». Мана, ба нофи варамидаи тифл танакор мешавад-ку.

Меҳмон акнун лаби нонро мешикаст, ки момо ин садо кард:
– Маҳсум, дар гӯши нинӣ азон бигӯ, ки беқарорӣ дорад.
Ҷумъахони шофир «бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим», – гӯён ниниро аз оғӯши кампир баэҳтиёт вораходу рӯ ба қибла дар гӯшаш сурае мехонад. Ширин аст овозаш. «Ҳини ҷанозаи инсонҳо намоз мегузоранд. Яъне, аз тавлид то дами марг ин оҳангро дар гӯш нигаҳ медорем», – андешаи зиндагиву маргро пеши назар меорам. Момо дарҳол ба нофи «меҳмони нав» рӯғани загир мемолад. Ба ҳамсояҳо қанду курс мефиристад. Тифли масти хобро якзайл бӯ мекашад. «Қанотаки бачам... Хуш омадӣ», – кадамшумор ҳарф мезанад момо.

Баногоҳ тифл ба гиря мепардозад.
– О, ҷони мома-е, қаҳр накун. Ба бачама шир бипазед, ки хӯрда зӯр бишавад. Не, не, ту лолой, ло-ло! Гиря накун, лолояки мома.
Ва бо садои ошно тифлаки маъсумро ганаб мебарад.

Модарам дар офтобрӯ дигар маҳзуну тоқа намешинад, шугл меёбад. Ба маъракаи гаҳворабандон омодагӣ мебинад. Ҳафтае пас занҳо меоянд.
Аз пагоҳӣ модарам ҷавон метобад. Давраи занҳо занбӯрхона аст. Баъди ошомидани шӯрбою палави серӯшт хоҳаракам гаҳвораи мунаккашро бо парпечҳои оҳараш нашқаста ба хона медарорад. Тифл, ки хомӯш будаву дасту почак мезӯҷил, якбора чириккос зада мегирист. Ба дӯстдориву синамакконӣ ку ором мегирифт? Шояд, ӯ мехост, ки зудтар ба гаҳворааш баста, биҷунбонандаш? Модари

пешина
аз 314
навбатӣ