Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

мераҳшад. Ё ҷавонҳои сармаст аз ормонҳои дилаш бохабар вориди шифгоҳ нашуда, ӯро сӯзонда-сӯзонда аз наздаш мегузаранд? Дарди ҷонсӯзе ба рагу пайвандаш печида, азият мекашад, азияти сангин.

– Зиндагии ширин..., - оҳиставу нарм, аммо олудаи аламу андӯҳи гарон гуфт Маҳтоб.

Амакам оҳанги рафтан кард ва баробар аз ҷой бархостем. Вале нигоҳи пурҳасрати бемор аз думболи ошиқони равона канда намешуд. Ва, дарёфтам, ки Маҳтоби ба зиндагии хуш зор доғ-доғ месӯзад. Ҳайфи умри ҷавон хазондида!

Ӯ то кадом ҳад бебако месӯзаду месӯзад, Худо медонад. Аёли амакам дар ҳоли хайрбод дастонашро ба гардани Маҳтоб ҳалқа андохта, хувайдо кард ашкашро. Мо бошем, дастҳо пеши бар ба ниёзи тасаллӣ «Ғам пахӯр, боз меоем...» - гуфтемаш.

Ҳай талош кардам, рӯҳияи ғамолудаи Маҳтобро бо сухан сафо бахшоям. Аммо дар танҳои дигарбора бо яъсу ноумедӣ даромехт. Ин мартаба ҳарчанд кӯшидам, на, чеҳраи дар ибтидо нуронии ӯ муяссарам нашуд. Оламе дар чашмони обиаш нуҳуфта кашфталабу пурасрор.

Ахирин бор ба Маҳтоб даст афшондам. Нигоҳи роздораш ҳасрат дошту паймон ҳам. Ба ҷойи хайрбод ин садоро аз ӯ шикаста мешунидам : «Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо...»

пешина
аз 314