Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

тайи поҳомон об сар деҳ.

  • Гапи беҳуда. Бандаҳои ношукр!

Оҳанги сарзаниши модарамро эҳсос мекунам. Хашмолуд не, оҳиставу батамкин сухан мегӯяд. Ҳарфи бамаънӣ одами бодиро ба замин мекашад. Бар онам, ки ҳатман ба ҳамсояи носипос дармеафтам. Ҳамон Абдумалики то барҳаёти падарам, хоса дар боғдориаш хешро фарзанди ӯ мехонду аз тутҳои паҳнбарги ҳавоти мо барои кирмакҳош барг мебурд, ба сари ворисаш лашкар кашидааст. Кӯрнамак. Болотар, назди мағозаи деҳ бародарам дар иҳотаи сарварони ноҳия аз хусуси офати табиат сӯҳбат меорост. Хона ба хона гашта, ному насаби зиёнрасидаҳоро навишта, кӯмаки моддӣ муқаррар мекарданд.

  • Ҳа, амак, ба куҷо равонаӣ?- аз Абдумалик мепурсад марди кулоҳдоре.
  • Обхезиро намебинӣ?!
  • Мебинам, лекин марду зан ҷӯбор мековаду ту дар ин ҷоҳо мегардӣ?..
  • Дар куҷо гаштанамро худам медонам!
  • Чӣ зиёнат расидааст?
  • Хонама сел бурд!
  • Асабӣ нашав, ҳама дар ҳамин аҳвол. Кӣ мехост, ки чунин фалокат рӯй диҳад?
  • Ана, ҳамин депутати мо!
  • Селро депутат овард?- базӯракӣ механдад раиси Шӯро.- Махлуқи аҷоиб!
  • Депутат села роҳ бигирад-да!

Ҳомиёни халқ гӯшаҳои зиёндидаи хонаи Абдумаликро чен кардаву зарбу тарҳ сохта, ба дафтарҷае рақамҳо менависанд. Бачаҳои соҳибхона сӯйи бародарам теғ кашида, мегуфтӣ ҳозир хом-оҳом мехӯрандаш. Модарам ҳамаи инро медиду месӯхт. Мехост, ки дар арафаи интихобот фарзанд номзадриашро бигирад. Розӣ шуд бародарам. Овози халқ гузашт. Ҳарфи ӯ- сарвари пахтакорон. Донахон ҳамагӣ ду овоз гирифту халос. Ба сайъи ӯ дар ҳаёти моддию маънавии мардум тағйирот вуруд мекунад. Бинои шифохонаи бемориҳои зидди силро аз деҳа мекуҷонанд. Мактаби нави ибтидоине сохта, хурдсолон зимистонҳо азоби алим накашидаву роҳи таки камарро тай назада, дар дарсхонаҳои озода сабақ меомӯзанд. Мағозаи нав, пиёдароҳҳои мумфарш...

пешина
аз 314
навбатӣ