Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ман дар гузашти сел, сели ашки модарамро равон мебинам. Ашки сари мижгонҳои ӯ аз он аст, ки дар анбӯҳи одамон падарам ба такяи асо мебуд ҳам, писараш қомати расотар мегирифт. Тоифаи қасосҷӯ оби ҷамъшудаи ҳавлию хонаи моро ба сатилу офтобаҳо кашонида, дар заҳбур мерехтанд... Ашки сӯзонро далел ҳамин аст.
Сел мегузарад. Намояндаҳо мераванд. Мардуми баор ҷойҳои офатрасидаро барқарор мекунад. Аммо захми сухани Абдумалик вуҷуди модарамро сӯхон мехӯронад. Хато мекунам. Бомдод гӯшаш бод меёбад, ки бачаи майдаҳаки ӯро саги Абдӣ газидааст. Ба дасти хоҳарам косаи шир, пахтапораву сурхи қанд мефиристад. Рангомезии ҳодисаро ба ҷуз калонсолон Бахтиёри майдаҳак низ фаҳмида, мегӯяд:
— Мома!
— Ҷон.
— Дина ку ба сарамон бел гирифта омада буд, боз шираш равон мекунӣ?
— Панди бобои Ҳазрати Амирҷонро фаромӯш накун.
— Чӣ гуфтааст, бобом?
Ҳар ду олам нест моро бо касе гарду губор, Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод! — ба ифтихор мегӯяд модарам ва ба набераи пандомӯз асрори шоҳбайтро мекушояд.
Баробари ба ҳавлидароӣ модарамро меҷӯям. Ӯро хоҳ дар нонпазхона, хоҳ дар хона бибинам, хешро дар паноҳи сангин меангорам. Нохуш дарёбамаш, меларзам. Вай омаданамро аз хирмани офтоб тахмин мекунад. Худ офтобест болои сари мо!
Баҳоре, як зумра шарикдарсон ба тамошо рафтем. Кӯҳ ба кӯҳ гашта, гули сиёҳгӯш мечидем. Ба деҳ ҳамбида ба пиразанҳо гул додем. Овардани пайки баҳор савоб аст. Ҳакки модарамро ба даври тоқии чоргул мезанам. Ӯ дастаи сиёҳгӯшро мебӯсад, бӯ мекашад, ба дидаҳош мемолад. Дар сурати гули хуштароват аёми беғамиҳош рӯ мезанад. Фақат як баргаки гулро миёни ангуштон совида-совида, абрӯвонашро об медиҳад, оби гул.
Яке шарафан пову овози шиносро шунида, парида мехезам. Аз ташрифи апаам чеҳраи модар гул мекунад. Вай аз як шаб зиёд намеистод. Сабаби ранги заъфаронашро медонистем. Хусурашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё