Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ба роҳ мебарояд. Борон пиҷҷаҳояшро мебӯсад. Ғам мехӯрам, ки ӯ тунук пӯшидааст. Танам аз шамоли пешорӯи боронхӯрда сармосармо мекунад. Докаи сари модарам нам мекашад. Пеши поҳош гов мекуштам, ба рафтани ҷои дигаре розӣ намешуд, боз дар ҳавои сарду боронӣ. Аммо ҳолиё чашмони бараҳмаш тар, башавқ, лаб тайи ком ниҳода, аз нерӯи худододе баҳавсила рафтор дорад. Хеле раҳ мераваду нафасе меистад дар таки борон. Мегӯӣ аз пиҷҷаҳои пукрафомаш марворид мерезад. Резаборонро дӯст медорад.
- Бефараҳ шудӣ, оча?
- Дареги ҷавонӣ.
- Андак дам бигирем?
Риштаи тирафоми хаёли ӯро сӯйи рӯшанӣ мекашам. - Мошин биҳарам, дигар пиёдаравит намемонам.
- Худо, ба ҳавасакот бирасӣ.
- Ҳо, мегуфтӣ: Сари Хосора пойӣ пиёда то Осмонбика тай мезадем.
- Аспи бобот касал мебуд, чора намемонд.
- Барои чӣ тай мезадӣ роҳи дароза?
- Ба хотири бобои Раҳмат. На раҳи ароба буду на мошин.
Пайроҳа омада-омада ба таҳдашт мерасид. Раҳбарах бӯйи пудинавӯ гулу себаргаҳои талу пуштаҳора шамида-шамида меомадем. Кай парвои раҳи дароз доштем. Гарра пир шуда бошем? - Оча.
- Ҷон.
- Ана, момаи Сабоҳат худаша пир бигирад, меарзад. Солаш аз саду даҳ гузаштааст.
- Куфр гап назан, қаҳри парвардигор меояд.
- Узр, очаҷон...
- Ба камоли пирӣ бирасӣ.
Ин гуфтори боронхӯрдаро умре баҳоргуна мепазирам.
Чапараки зулфайнаш симинро мекушоям. Сайлигул ба истиқбол меояд. Аз борон паноҳ мебарем. Ҷомаи модар ва пиҷҷаки маро дар хона кашида, ба рӯи торбанди назди печка меовезад. Дастархон меорояд. Мехоҳад болои он аз нӯшу неъматҳо пур бошад. Модарам ин порисан дудахӯрдаву вассаҳои ҳамзадаро аз кӯшки шоҳона авлотар медонад. Сайлигулро ҳол мепурсем. Ӯ маънодор механдаду гоҳ лаълии мавиз, гоҳ хӯшаи ангур, гоҳ косаи дӯғ меораду гоҳ чинии ҷурғот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё