Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

«Касе ба ошиқӣ шӯ кунад, деги сиёҳ ба сараш парӯ кунад».
– Мардинаҳои мо мардум ба дасти занҳои шаттоҳу вайронгар, занҳо бошанд, гирифтори номарду девонахӯ мешаванд, – оҳи ҳасрат мекашад модарам.

Дар охир модарам бодсон мепечам, дармегирам, нафастанг мешавам.
Кӯдакони апаам рӯи ҳавлӣ бепарвою беғам бозӣ доранд.
Э кош, дубора тифл мебудам...

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Ба дидорбинии симои азиз қадам задан дорам.
Аз таксӣ фуромада, ба ёру ошноҳои пазмонам даст додаву ҳол пурсида, меравам ҷониби кулбаҳаки ӯ. Хабари омаданам пеш аз ман расидааст. То саҳни дарвоза ба пешвозам омадаву пешонаамро бӯсида, оғӯшам кашида, мебӯядам...

– Сиҳату саломат ҳастӣ, бачам? Дер-дер меоӣ? Ҳамсояҳот чӣ хел? – суол меборад ба сарам.
– Ба кадомаш ҷавоб диҳам? – шӯхиомез мепурсам аз ӯ.
– Э дар қадат ҷонам-е, очата ёд карда омадӣ? Кӯки чашмҳом канд аз раҳпоира.

– Ду рӯз пеш ҳамин ҷо будам-ку.
– Ҳолӣ ҳам бачай-да. Хӯрдану пӯшиданта медонӣ. Ку пешам бишин, серат бибинам.

Рӯбарӯи модар менишинам. Дар паси тиреза майдаборон оҳанг дошт. Рӯзи борон дарду ғам тоза мешавад. Менолад аз хориши шукуфаи дасташ. Аз ҷузвдонам як қуттича марҳами шукуфа бароварда медиҳам. Дуо мегирам. Пичҷаҳои сафеди ӯ зебо метобад. Худоё, модарам асло пир нагардад. Парвардигоро, аз умри мо кам, дар умри вай зам бикун. То дар тайи гардуни гардон дили мо аз бепаноҳӣ натаркад.

Чун аз боздиди Сайлигул сухан ба миён меоварам, чеҳраи модарам мешугуфад. Барои набераҳош ҳалвои савғо бардошт. Ману модарам так-таки борон меравем то истгоҳ. Сару либоси танамон аз гармии даруни автобус хушк мегардад. Мефуроем. Майдаборон баавҷ оҳанг мезад. Бинистем, хунук мехӯрем. Модарам

пешина
аз 314
навбатӣ