Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Девона шавҳари Садбарг аст, ки дар шифохонаҳо «ҷой наёфта», даруни хоначаи дару тирезаи панҷарааш оҳанин мезияд. Кӣ барои падари бемор пораи нону косаи таҷом мебарад? Фарзандон аз ӯ рӯ гардондаанд. Садоҳои нафринолудаи пирамардӣ савдой баръало ба гӯш мерасид.

Мо фотиҳаи дастархон гирифта, аз ҳавлӣ мебароем.

Шабҳо гӯё ба чашмонам мил мекашанд, ки ҳарчанд миҷа мезанам, субҳ намедамад. Китоби умрро варақ мегардонам, аз яке розӣ аз дигарӣ норозӣ, донистан мехоҳам: кулли занҳо чӣ сириште, вафодорие, покдомание доранд? Ё ба гуфти бобои Алӣ ҳамашон аз як палаканд?

Шамъи гулбаргнамию рӯйимизиро мекушам. Лашкари фикр ҳамлавар, хона дар назарам гуввос мезапад. Модари бузурворам мегуфт: «Бачам-е, ба хостгории ӯ розӣ нестам. Падараш дар майдаҳақӣ сур буд. Очаша ба зардобон сари дил андохта, оқибат кампир ба ғусса мурд». Ҳамон шабу рӯз вуҷуди додарам аз оташи нангу номус месӯхт. Таънаи хабисе аз боби безанӣ сангин аст. Пеши чанд номард рафт Акбар. Дар саҳни дарвозан яке қадамҳош сусту муст шуд, ба таъбире чашмонашро мепӯшаду медарояд. Ин хонаи кампири теззабон, кулбаи собиқаи бобом буд, ки ҳолиё писаронаш иқомат доштанд.

Кампири ланге гову молашро ба хел дароварда, ба сари подабони навбатӣ дашному ҳақорат меборонд, ки пешинро гузаронда, «хуни мӯъминҳо»-ро дер хамбондааст. Чун Акбарро мебинад, сохта механдад пиразан. Забони лутф мекушояд додарам.

— Чӣ хелӣ, мома? Пир нашудаӣ, охир?
— Дар ин говгум аз куҷо омадӣ?
— Ёлат кардам.
— Э, ту ёд намекунӣ...
— Хабарат мегирам, боз менолӣ?
— Шӯхӣ мекунам, бачаи хубӣ, — кампир гӯсфандонашро мешуморад. — Гӯш кун, арӯси хона бо акаат созанд? Аз фитнаи зани ин маҳал битарс! Зану асп — ба толеъи одам вобаста.
— Мома, дар парвои гову мол мӯйсафедҳо сафед шуд-а? Акбар ба феъли пиразан омӯхта, гапро мегурзионад.
— Аз хеши инҷамона ҳели пур хубтар, — ба гӯшан чашм

пешина
аз 314
навбатӣ