Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Фарзанди падар азиз аст. Мегиряд хоҳарам. Аз дил кудурат мерабояд дидор. Ва ҳам доруст ба ҷисми мардуми бемор. «Шикамба» забони таҳлил мекушояд:

— Бигард, нарав! Хун месупорӣ, мемурӣ!

— Ту бисёр ҳанг-ҳанг накун! Аппам дар дами теғи марг! Ёфтӣ ҷойи маймунбозита. Савор шав! — дар худ нагунчида, аз пеш ҷой медиҳам хоҳарамро.

Фаврӣ бармегардем ба шифохона. Аз даробурои пизишкон чизе сарфаҳм намеравам. Модарам дар гӯшае, болои хараки зери дарахтон, маюс нишаста, рӯ ба осмон имдод металабад. Тамкини азалӣ ва нигоҳи баҳирадаш рӯҳи моро тавон мебахшад. Суолҳош дарднок аст.

Аз омадаҳо хуни ду тан навъи дуюм будааст. Боз рӯ ба деҳа меорем. Киро аз хоби ширинаш бихезонем? «Худоё, то саҳар апаамро зинда бимон, ки мо хун биёбем» — мевиреҷам дар худ. Фикрҳои ботил ману бародарамро ба ҳавлӣҳои тиб-торики шарикдарсони собиқаву ҳамкоронаш меандозад. Сағи ҳангире ба поям дандон мехалад. Дарвозаи оҳанини ҳамсолам Раҳимҷонро мекубам. Ба шигифт меафтад ӯ. Мушт ба дари хонаҳои ёру ағёр мезанем. Дӯст мегиряд, душман ҳам.

Ҷарроҳии вазнин мегузарад. Тифлаки номуроди апаамро дар сонаке печонида, мебаранд ба деҳа ва баъд ба пушта. Ашк мерезанд ба ёдаш. Нишонаи ӯ ҳам азиз буд, вале насиб накард. Умр боқӣ бошад, боз фарзанд меёбад. Толиби ҷони ҷавонаш аз парвардигорем.

— Фарзанд ҳадяи Худост, — таскин мебахшоянд занҳо модарамро, — худаш зинда бимонад, давлати калон.

Модарам пеши дӯсту душман оби дида намерезад. Мешунавем, ки апаамро ба ошёнаи якум мехамбонанд, ба паси бино мегузарем. Он ҷо нисбатан камодам аст ва аз тирезаҳои пастак беморонро бемалол мебинӣ. Модарам Сайлигулро болои қати сафед, ба бар либоси сап-сафед дида, шишаи тирезаро ба лаби остинаш рӯшантар менамояд. Паноҳӣ аз духтурҳо, ба девор чафс мешавем. Аз тирезаи нимво овози нарму хастаи апаамро мешунавам.

— ... кай омадӣ, оҷа?

— Шаб.

— Кӣ хабарат кард?

пешина
аз 314
навбатӣ