Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
— Омин, — дастҳо ба рӯӣ мекашад кампири бухорӣ.
Лён аст, ки модарам аз кӯчидан ба хонаҳои нав дамсоз ёфтааст. Пиразани бухоропро дӯст дошт. Ҳамсояи бекинаву беозорест. Модари мизбонам ба меҳмон пиёлаи чой дароз мекунад. Ҳаракати чойнушишон зебост, фиросот андӯхтаанд.
— Мардуми кӯҳистония як одати ганда я ҳаст, — мешиканад хомӯширо ширазани ҳамсоя. — Духтарфурӯшӣ. Одамро нарху наво монда, гов барин савдо мезананд. Кисмеш намоз мехонанду аз болои чойнамоз, ки хестанд, корашон дуздӣ, дурӯғгӯӣ, шаробӣӯшӣ.
— Ду духтар ба шавҳар долам, маҳраша ба худаш бахшидам, — дар омади тап мегӯяд модарам.
— Э-э, бадзоташ бисёр, — даст меафшонад кампираки бухорӣ, — маҳри арӯса мӯл мефармояд, бачадор аз дари хонааш намегузарад. Як маҳал мебинӣ, ки писар ё духтари бедодо зойид. Ана, дар хонаи дувоздаҳ духтари синфи нуҳумхон кӯдак таваллуд кард. Ҳолӣ ҳам додоша мекованд, милисаҳои бечора.
— Ҳа, ба як обрӯи муҳаммадӣ духтар бароварддан давлати калон, — ғазаби дугонаашро фурӯ менишонад модарам.
Каме сӯҳбат ороста, пиразани бухорӣ оҳанги рафтан мекунад. Ӯ ҳам то нонхӯрӣ омадани писараш дастархон муҳайё месозад. Аз арӯси бачааш як сару гардан розіяст. Миллати ғайри бошад ҳам, лафзи кампирро зуд омӯхт. Пиразан сару либоси дар зодрӯз овардан писарашро ба Любани маскавӣ куртаву пойҷомаи тоҷикӣ дӯзонд, ба сараш рӯймол баст, дӯсташ дошт. Кампир аз ҳаваси зиёд ӯро ба Бухоро ҳам тамошо бурд.
Ҳиссае аз шаб гузаштааст. Паси миз, болои варақҳои пареш, дар олами рангини хеш саргардонам. Баногоҳ шарфаи пое, баъд садои ошноро мешунавам:
— Ҳолӣ ҳам бедорӣ?
— Нақшаи бисёр дорам.
— Дар нимашабӣ чӣ менависӣ?
— Ҳобу бедориро.
— Дам бигир, чонакат бидамад ё, аз кор ҳайкали киро гузоштаанд?
— Сарапо як ҳайкали оча!
— Ҳайкали хокам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё