Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

шӯрангез. Кӣ мегуфт? Эшони Абдулмӯъмин, махсуми Нуруллоҳ, Сулаймони Нурӣ ва домулло Аҳмад. Гиряи занаки шӯрбахтро аввал махсум шунид.

Валлоҳ, мӯягар аз ҳуш рафт, тақя гирифтандаш, ҳам шамолаш доданд. Дер ба худ омаду хаёлгурехта, номаълум аз кӣ, аранге пурсид:
— Рафтӣ ба сари бачама?
— Расиданд!
— Кӣ?
— Хабарёрон.
— Зинда ё...
— Намедонем.
— Надорам тоқати дидани мурдаи хунукша.
— Гумонта нек бигир.
— Парвардигоро, ҷонам бигиру Убайдуллора дар паноҳат нигаҳ бидор...

Нуруллоҳи муаззин аз дирӯза каме дер ба оҳанги паст азон гуфт.

Занҳо ба ниёиши яздони мусибатзадаро ҳампаҳлӯ хонааш бурданд.

Нигоҳи модар ба рӯйи одамон мекӯчид. Хонаи худро шум дид. Дар назараш порисаҳо, буду набуди ҳавлӣ фиғон, саги думликкони паси сафили Шоҳмуддини айнакӣ нулчок мекашид. Бечора ҳайвон гурусна монда буд. Ба ҳар даре мерафт, мерондандаш.

Соҳиби ӯ саг — Шоҳмуддини Салим нони хӯрдан надошт. Саг аз ин хел соҳиби гадо ҳазор бор безор буд. Аммо дар ҳавлӣ, ки мақом ихтиёр карда буд, ночор мезист. Солҳои баъди ҷанги Олмон айнакиро раиси Абдуллоҳ аз марг наҷот дод, ки то имрӯз шиносномаи номарди гадо ва фарзандони беорят ба номи ӯст. Ҳа, холаи Гулдастамоҳ, яъне, аёли раиси Абдуллоҳ ин сагири бекасро дида, дилаш сӯхт, қатори фарзандон обу нонаш дод. Дар тагора шинонда, сарашро мешуст, ки чӣ миқдор шабушк рехт. Либосҳои кӯҳнаву кайкзаддашро дар оташ сӯзонд, аз сандуқ наваш пӯшонд. Бо мурури вақт намурд Шоҳмуддини Салим, калон шуд. Раиси Абдуллоҳ ӯро обод кард, духтари кампири Гулҷонро ба занӣ дод. Дарбадевор хона андохтандаш ва рӯзгори нонгадоро ба ӯҳда гирифт.

Чархи даввор новобаста аз хоҳиши сокине мегардаду мегардад.

пешина
аз 314
навбатӣ