Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

нумуъ монда, баракати хирман мепарад. Барги рустаниву дарахтон хазонӣ мебинад. Зиндагӣ ба навъе дилгир мешавад, ки одамро ба одам хуши муошират намеояд. Сабру таҳаммули инсонҳо ба одами фано рафтанист? На, мо думболаи хуршед ҷовидона ба нуристон раҳ пеш мегирем. Худо нигаҳ дорад, агар офтоб аз тулӯъ бимонад, ҳоли бандагон чӣ мешавад?

Убайдулло баъди як моҳи аскарӣ аввал дар идораи сохтмонии ноҳия кор кард. Батадриҷ ин шугл нафоридаш. Ва як рӯз ба муассисаи нақлиётӣ омад. Ошёнаи сеюмро боло шуд. Дар қабулгоҳ нигарон истод. Аҷаб хушҳолак буд котиба. Рухсораҳош сурхак, абрӯвони думи мор ба чеҳраи хандонаш мезебид. Ӯ ба ҳуҷраи сарвар сар халонду берун омада чашмак зад, ки «бидаро».

  • Ку додар, гап зан.
  • Бекорӣ ба дилам зад.
  • Чӣ ҳунар дорӣ?
  • Шофирӣ.
  • Гӯш кун, бача. Барои санҷиш се моҳ челонгар меистӣ, он тарафашро мебинем.
  • Дар аскарӣ мошин ҳай мекардам.
  • Гап сари ин не. Ман дар артиш танка мерондам.
  • Шароити хона вазнин, оилаи калон дорем.
  • Эҳа, ту каллаи шер наёвардай. Бачаҳо камаш ду-сесолӣ боз челонгаранд. Розӣ бошӣ, пагоҳ биё.

Корҷӯ аз кӯчаи орзуҳои ҷавонӣ бо дили пурҳарорат ва сари пурсавдо гом мебардошт.

Ҳар субҳ Убайдулло мошин ба мошин шишта, аз дигарон пеш ба коргоҳ мерасид. Аксар мошинҳои «сокитшуда»-ро дубора «ҷон» мебахшид. Дастони боҳунар гуланд. Одобу хоксорӣ меафзуд эътиборошро.

Подоши амали накӯву феъли хуб мошинаш доданд. Аммо чандон нав набуд. Хилъати сип-сиёҳи рӯғанӣ дар тан чанд моҳ таки он ҷӯлида-ҷӯлида навокисашро ба ислоҳ оварду пораҳои эҳтиётиш часпонд. Метавонист мошини вайронаро ба роҳ баровару ҳамкоронро дар ҳайрат гузорад. Оқибаташро андешида, аз ниятash баргашт.

Ҳаво тира буд. Резаборон заминро тар кард. Ҷавон ҳамоно

пешина
аз 314
навбатӣ