Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
— Сиҳат шавам, баъд.
— Худо зудтар нағз шавӣ.
— Боз кай меоӣ?
— Ягон рӯзи офтобӣ.
— Миннатдорам.
— Хуш бош.
— Доқаро дар оби хунук чафида, ба пешониам гузор. Бубахш, ки ҷумбида наметонам.
Рӯшангул хоҳиши ӯро ба ҷо овард. Дастони табнок болои дастони сафед лағжид. Ёрон табассум карданд. Нигоҳи духтар ба дар, тарсуёна ҷӯё шуд:
— Чӣ савғо биёрамат?
— Дидор.
— Сер нашудай?
— Тилло камёб-ку.
— Ҳадяи маро куҷо кардӣ?
— Чиро?
— Рӯмолчаро.
— Пеши шиннаи мошин дар адир монд.
— Нақш дӯхтам, бигир.
— Инаша ба дидаҳо мемолам.
Дар гармии гуфторшон модари Рӯшангул олудаи обу арақ ҳандон-ҳандон омад.
— Ҳамёна ёфтӣ, хола?
— Моли ҳалол гум намешавад, бачам. Сад рӯз гузарад ҳам, оқибат меёбиӣ.
— Мо покизаҳоро мепарастем, хола.
— Мардакам раҳпулӣ дода буд, ғалтидааст. Хайрият, посбони баинсоф гуфт-е.
— Рӯшангула тӯй бикун, бой мешавӣ.
— Забонта садқа. Оҷаат ку?
— Дар хонаи бобом.
— Кадом бобот?
— Бобои Абдурауфам.
— Ин хел бобо надоштӣ ку.
— Худо бидиҳад, намепурсад «бачаи кист?»
— Нопу намак хӯрда, ба адои қарз омадем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё