Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

– Раҳмат, хола.
– Тезтарак сиҳат шав, тӯю тамошота бинем.
– Ба фазли Худо.
Ҳини хайрбод Рӯшангул дар остонаи дар пинҳонӣ аз модар сӯйи ҷавон як чашмак зад. Убайдулло ширин хандид, рӯҳаш болид. Бахти ояндаашро, зиндагиашро пеши рӯ овард ва рӯмолаки навро ба дидаҳош молида, аз атри он ҳай гуворо шамид.
Саманди бодпои Вақт мегурехт.
Дар дили ду ҷавон осори муассир боқӣ монд.

Аз бозе ки бемор таъомхӯр шуд, падар пеши сарпизишк гардан каҷ кард, ки рухсат бидиҳад, то рӯи по хестан ба писараш такядор бошад. Бобои Рауф низ мураххасӣ гирифту басе шабҳо дар шифохона мемонд. Падар он рӯмолаки дасти фарзандашро дида, чизе сарфаҳм рафт ё на, дам назад.
Убайдулло нафаҳмида рӯмолакро намоиш доду пасон шармид. Падар мепиндошт, ки писараш рӯмолакро бароварду аҷаб, ки чизе нагуфт. Фарзанд мегуфт, ки бо дидани рӯмолаки дасташ чаро падар хомӯшӣ ихтиёр кард? Бале, амаки Маҳмадулло ҳадяро барвақт шуморида, сиҳатёбии ҷигарбандашро авлотар медонист. Ҷавони хунаш дар ҷӯш аз тақдири талх ҳаросида, балки барои рӯзи мабод ёри муносиб меҷӯст. Рӯшангул ку муҳаббати аввалини ӯст.
Ӯ аз ғояти ба тахтапушт хобу хоб ҷонбезор шуд. Чунинаш метобид, ки пушташ қолаб гирифтааст. Имшаб пизишки хайрхоҳ ресмони поҳои ӯро аз оҳани насби пояи қат кушод. Аммо поҳош намеҷумбиданд. Даҳшат дар дилаш ҷой гирифт. Падари хастаҳол ғанаб рафта буд. Болишти таки сараш аз ашк нам гирифт, дардашро дар худ мекушту пеши ёру ағёр хандида, ба умеди рӯзҳои нек лаб таки дандон газида, бефарёд мотам гирифт. Охир Ӯ нимгана ба кӣ даркор аст? Мӯҳтоҷи якумрӣ ба марг баробар меояд. Дастонашро ёзонда аз оҳани болои сараш медошт, ки миёнаш дард кашид. Худоё, чӣ шуда ба поҳош? Магар чӣ қароҳате аз дастонаш гузашту ғазаби Холиқи Ҷаббор омад, а?
– Хобӣ ё бедор? – тарсвара пурсид аз падар.
– Ғанабам бурдааст. Чӣ шуд? – ҳавотиромез рӯйи по хест амаки Маҳмадулло.

пешина
аз 314
навбатӣ