Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Базӯракиш дарёфт, ки Убайдуллост ва баэҳтиёт ҳам шуда, ӯро нарм ба оғӯш гирифт. Дасту панҷаҳояшро молида-молида, овони хизматишон пеши рӯ, дигар тоб наовард, ки ашк бари рӯяшро тар кард.

Ошноии ӯ бо Убайдулло дар машқгоҳ рух дода буд. Даме ки онҳоро ба бешаи анбӯҳ бурданд, аввал камингоҳ кофтанд. Ва рақибони рӯёрӯ омадаро боястӣ ҳамин ҷо ба муҳосира гирифт. Довуд Султон бо ҷавони сабзина дар як баст ғалтид. Ҷусту чолокиву ҳушёрии Убайдулло буд, ки ду тан «забон» оварданд. Ғанимати беҳисоб далел, мукофот насибшон гашт. Дар мулки ғарибӣ аз ҷавонмарди лафзи акагиву додари баста, баҳам якумрӣ дил бохтанд. Рутбаи махсуси лейтенантро баробар гирифта, то ахирин рӯзҳои хизмат намуна ба дигарон буданд.

— А бача, Довудӣ?

— Ҳо, бегоҳӣ дарак ёфтам. Овозаи мардума шунида, таҳу тагас карда омадам.

— Мӯйсафед, маро нашинохтӣ?

— Не, нав мебинамат, додар.

— Мо ҳамхизмат будем..., — ох кашид Довуд Султон. — Ба Худо, акаву додари қиёматӣ шудаем.

— Бачам, аз як падару модар чанд нафар таваллуд мешаванд. Боқӣ, ёру дӯсту ошноем.

— Убайдулло, зиқ нашав, Худо хоҳад, шифо меёбӣ.

— Дуо бикун, рӯи по шавам. Хонаи шумо — ба масҷид наздик, — сӯҳбатро ба шӯхӣ кашид бемор.

— Бо ризои Ҳақ таъоло ба пой мехезеӣ. Аллакай хеле беҳтар шудаӣ.

Ёрон ба рӯйи ҳам нигариста, бо ёди даврони бебозгашт андеша мепарвариданд. Убайдулло ба шиддати дард бисёр намеҷумбид. Ҳарду пояшро ресмон маҳкам медошт. Довуд Султон анвои овардаашро пеши дӯст кушод. Аз боғи хоҷагӣ себҳои заб-зард чидаву нону таъоми гармаш оварда буд. Аммо беморро чизе намефорид. Таскину дилбардорӣ доруи ноёбаш буд.

— Чӣ хел дарак ёфтӣ? — оҳиста ҷӯё шуд бемор.

— Дар саҳро пахта мечидам, овоза рафт: як бачаи сабзинаи восеъгӣ, нав аз аскарӣ омада, холиё безан, ба садама гирифтор шудааст...

пешина
аз 314
навбатӣ