Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз лаълӣ сӯйи бемор дароз мекунад. — Бихӯр, қувват мегирӣ. Зӯр мешавӣ, рӯйи по мехезӣ.
— Бобо, ҳиччӣ наёр. Фақат дар пешам бишин, бас.
— Э, бачам-е, о, мо ҳам рӯзгор дорем. Боке не, ҳаркӣ некӣ ё бадиро барои худ мекунад. Шифодиҳанда Худост, мо сабабгорем.
— Ангури ширин будааст, — ду донаашро ба даҳон партофта, хулоса гуфт Убайдулло.
— Бихӯр, оши чонат шавад, ангури ширин безарар, таъомҳои сершира бихӯр. Бемориро зӯр овардӣ, бурд мекунӣ.
Ва мӯйсафед лаълии ангурро як-як тарафи дардмандон бурд, ки бичашанд. Чизе ба хотираш расид, ки болои сари ҷавон баргашт. Ба чеҳраи гандумгунаи ӯ нигариста, нарму оҳиста гуфташ:
— Дар чинӣ таъом бикашам, мехӯрӣ? Хеле бомазза, соф шира шудааст.
— Нимрӯзӣ холаам оби мург оварда буд. Аз ҳамон камтарак дам кашидам.
— Сер бошӣ, дард ҳам аз танат мегурезад.
— Ҳиччӣ намефорадам.
— Дилтанг нашав, албатта, рӯйи по мехезӣ.
— Бобо, поҳом карахт...
— Гармӣ ё хунукиро ҳис мекунӣ?
— Не.
— Ҳамаш аломати дардмандӣ. О, ту нав ба табобат сар кардӣ. Дубора таваллуд шуди-е.
— Бобо, тез-тез биё.
— Ҳар рӯз ҳаминҷоям-ку.
— Кай ба Маскав мебарандам? Бе пойи равон мӯҳтоҷӣ мекашам.
Моҳтоб так-таки абрҳо гурезон буд. Ба тирезаи пардааш якнима аз чароғи роҳрав рӯшанӣ мезад. Мӯйсафед паҳлӯи кати бемор намоз гузорид. Савти «Қуръон» ба гӯши ҷавон шеър буд. Манзури дили хаста пирамард ҳамеша дар намоз бошад. Худ низ афсӯс мехӯрад, ки ин қадар вақту соат намоз хонда натавонист. Иншоаллоҳ, рӯйи по бихезад, панҷ вақт намозашро тарк намекунад. Намоз сафои ҷисму рӯҳи инсон аст!

Сарнавишти вожегунро рост месозад намоз, Нақши маъкуси нигин аз саҷда мегардад дуруст.

пешина
аз 314
навбатӣ