Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман шумо-бюрократҳоро ба Михаил Иванович менависам!

Ҳама хандиданд. Ҳамшираи тиб ҳанӯз Иванро маҷбур мекард, ки ба ҷои худаш равад. Иван гарчанде ҷавони хеле вазнин буд, дар ғазаб шуду аз ҷояш хест ва бо дасти бузургаш ҳамшираи тибро аз гиребонаш гирифта, тозон-тозон ба сӯи дар бурд, ки пойҳояш қариб ба замин намерасиданд.

— Нағз не, Иван, нағз не! — бо тамоми овоз дод задам. Ӯ занро сар доду боз ба ҷояш баргашт. Лекин ҳарфе назад. Фақат дандонҳояшро мехоиду ба сӯи ӯ бад-бад менигарист. Ҳамшираи тиб, ки зани серманаҳакак буд, аламашро бо гапҳои сермурчу каланфур гирифтанӣ шуд. Аммо ярадорон ғавғо бардошта, имконияти дилхоликунӣ надоданд. Ӯ дарро бошаст пӯшида рафт. Гулдурроси ханда ҷодарро ба ларза овард. Вале дере нагузашта Ҳашкевичи аламзада ҳамроҳи комиссари госпитали саҳроӣ баргашт.

— Мана, ху, ҳамон, — ба сӯи Иван ишора кард ҳамшираи тиб.

Комиссар як-ду қадам пеш омада, ба Иван чашм дӯхт. Иван ҳам зуд аз ҷояш ҷаста хеста, гунаҳкорона сар ҳам карда истод.

— Ин касро шумо таҳқир кардед? — пурсид комиссар.

— Ҳа, рафиқ майор, ман ҳамин касро таҳқир кардам! — гуфт Иван.

— Нағз накардед, рафиқ ҷанговар, — бо оҳанги рафиқона гуфт майор.— Ин ҷодар махсус барои ярадорони вазнин. Ҳеҷ кас набояд халал расонад. Барои шумо ҳам ҷодари алоҳида ҳаст. Мебоист ба ҳамон ҷо равед.

— Ин ҳеҷ гуноҳе накардааст, — гуфт ярадоре.

— Баръакс, ӯ хонаро гарм кард, нон гарм карда дод, чой медиҳад, — гуфт дигаре.

— Марҳами ҷони мо шуд ин ҷавон, — гуфт сеюмӣ.

Майор ба ҳамшираи тиб саволомезона нигариста, табассум карда монд. Ба назарам гуфтанӣ буд, ки «ҳеҷ гап набудласт-ку, чаро беҳуда ҳангома бардоштед?»

— Ман фоидаи худи онҳоро гуфта... — гапи ҳамшираи тиб дар даҳонаш монд.

Дар ҳамин асно аз дар комиссари дивизия, котиби ташкилоти комсомолӣ ва боз ду офицери дигар даромада омаданд. Онҳо ба ҳамон ярадорон салом доданд ва ҳолу аҳвол пурсиданд.

— Оҳҳо, Полтора-Иван ҳамин ҷо-ку, — якбора хушҳол шуд котиби ташкилоти комсомолии полк ва ба комиссари

пешина
аз 323
навбатӣ