Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
дивизия нигариста гуфт: — Рафиқ подполковник, мана, одами кофта гаштаамон дар ин ҷо будааст.
— Кӣ? Полтора-Иван гуфтагнатон? — пурсид подполковник ба Иван рӯ оварда. — Шуморо табрик мекунем, — дасти Иванро самимона фушурд ӯ, — Шумо қаҳрамони бемисол нишон додед. Командадиҳӣ корнамоии шуморо тақдир карда, бо медали «Барои шуҷоат» мукофотонид. Ташаккур ба шумо, ҷанг(вари далер!
Подполковник дар зери чапаксаниҳо ба сандуқи дили Иван медальо овехта, бори дигар табрик кард ва саломатӣ орзу намуд.
— Мебахшед маро, — узрхоҳона даст дароз кард Хашкевич ба Иван, — ман фоидаи инҳоро гуфта...
Иван ба зани серманах бо гӯшаи чашм хашмгинона як назар афканду қадами пеш гузошта, бо одоби ҳарбӣ гуфт:
— Ба Иттифоқи Советӣ хизмат мекунам!
— Ташаккур! — гуфт подполковник. Офицерони дигар, тамоми ярадорони ночунбон ҳам ӯро яке даст фушурдаю дигаре бо имову ишора муборакбод намуданд.
Вақте ки подполковник медали ҷангиро аз қуттии сурх берун оварда, ба гимнастёркаи Иван меовехт, гӯё китфу бозуи солдати содиқ васеътару қоматаш баландтар мешуданд. Рухсораш ҳам тағйир ёфта, аз чашмонаш ашки шодӣ мешорид.
Аз дар ҳамшираи тиб Хашкевич намоён шуд. Ӯ дар як дасташ кружкаи сабзранг ва дар дасти дигараш дегчаи солдатӣ меовард. Баробари ӯро дидан Иван хашмгин шуд.
— Диққат нашав, хислаташ ҳамин. Аммо зани ниҳоят нағз, — таъриф кардам. Хашкевич бо чеҳраи хандон рост ба сӯи мо омад.
— Акнун маро мебахшед, рафиқ ҷанговар, — боз узрхоҳӣ намуд ӯ, — ман фоидаи инҳо гуфта... андак ба шумо дағалии карда мондам. Ман ҳам чӣ кор карда метавонистам? Фармон ҳамин тавр. «Ба ин ҷо шахси бегона надарояд, ба инҳо халал нарасонад, ярадорони вазнин», гуфтанд. Ман ҳам фармонбардор. Шумо одами ҳарбӣ, инро нағз медонед.
— Забони дуруст ҳам доштед-ку! Чаро аз аввал ҳамин тавр муомила накардед? — андак нармтар шуд Иван.
— Ҳафа нашав, дӯстам, — гуфтам ба Иван, — имрӯзҳо дар ин ҷо чӣ ҳодисаҳое намешаванд. Ба инҳо ҳам осон дошта намешавад. Хайрият, ҳаминҳо будаанд. Биё, қаҳр накун, оштӣ шаветон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё