Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Хашкевич дасти сафеди борикашро дароз намуда, илтиҷоомез табассум мекард. Дар рухсори Иван ҳам моҳии ҳувайдо гашт. Онҳо аз ҳамдигар узр хостанд.
Хашкевич зоҳиран якраву худписанд ва мутакаббир намояд ҳам, ботинан зани ниҳоят дилёр, боғайрат, боэҳтиёту раҳмдил буд. Баҳудаю беҳуда аз назди ярадорон дур намерафт. Ҳар як талаби беморро зуд ба ҷо меовард. Қариб сулфа кунед, лаббай гуфта меистод. Агар андак шартагӣ ва серғапиашро истисно кунем, ӯ марҳами ҷони одам буд. Як кружка самогон ва шӯлаи овардаашро баҳам дидем.
Ногоҳ ғурриши моторҳо торафт наздик ва бадҳайбат гаштанд. Самолётҳо бори марговарашонро партофтан гирифтанд. Иван ба болои занбари ман фурӯ истода гӯё бо пайкари бузургаш ман ночунбонро ҳимоя мекард. Шаби торик, барф дар бориш, аланга, доду фарёд, зиндаю мурда оғухтаи хоку хун! Фоҷ1е, ки аз тасвираш қалам оҷиз аст.
Поси шаб ярадорони зиндамондаро бо шитоб ба вагонҳо бурданд. Ҳамшираи тиб Хашкевич ва Иван занбари маро бардошта бурданд. Хашкевич дар пеши занбар, Полтора-Иван дар қафо. Ба ҳар ду дасти занбар тасмаи брезентӣ баста, Иван тадбире ёфтааст, ки якдаста бардошта тавонад.
Ҳамин тариқ, маро ҳам монандӣ дигарон ба вагони таъҷилӣ супурданд.
— Рафиқ лейтенанти калон, — гуфт Хашкевич, — ҷӯраатонро ҳамроҳ фиристонда наметавонем. Ин кас ба мо ёрӣ мерасонанд. Вазъият ҳозир ниҳоят вазнин, худатон нағз медонед.
Ман ҳолати гап задан ҳам надоштам. Иван ночор аз вагон фаромад. Поезд ба ҳаракат даромад. Вале овози гирьяолуди Полтора-Иванро баланд мешунидам.
— Рафиқ командир! Рафиқ командир! Иванни сибӣ-рякро фаромӯш накунед!
Магар ин хел одамро фаромӯш кардан мумкин аст?
ТАМОКУҲАЛТА
Яке аз госпиталҳои шаҳри Челябинск. Ҳамшираҳои шафқат маро аз занбар ба рӯи кӯрпаи нарму болояш рӯйҷои сафед бӯзоракаку бо эҳтиёт хобонданд. Болоямро бо кӯрпа пӯшида, ба бемори дар кати дуюм хобида ишора карданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё