Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
гавҳараки чашм эҳтиёт кардам. Чизи ёдгории азиз мешудааст. Сиҳат-саломат баргардам, бо ду дасти адаб месупораму мегӯям: Сильва, ана, ту ҳам ба фронт рафта омадӣ!
— Исто, ҷӯрагон, ба хотирам омад! — саросема шуда мондам, сарамро бардошта.
— Ҳа, чӣ ба хотират омад? — ҳайрон шуд Манумян.
— Борхалтан маро бин! Ҳамин хел халтача доштам.
Худди ҳамин барин. Дар Сталинград тӯҳфа гирифта будам. Вақт набуд, ҳатто кушода надидаам, ки аз куҷо, аз кӣ ва чӣ дорад.
Капитан асобагалашро гирифта, назди ҳамшираи ҳоҷагӣ рафт ва дере нагузашта борхалтан маро оварданд. Вақте ки кушода халтачаро гирифтанду ба ман дароз карданд, аз хурсандӣ қариб аз ҷоям ҷаста хестам.
Чӣ хел зебо! Дар матои маҳини абрешимини гулнор, аз абресимҳои рангоранг гулдӯзӣ карда, ба атрофаш навишта шудааст: «Ба ҷанговари диловари ношнос!»
Бандакаш ҳам аз абрешими дурангаи тофта буда, дар нӯги бандак ду пӯпакчай зебо, яке аз бандакҳоро кашола кунед, даҳони халтача во мегардад, дигарашро кашед, аз нав пӯшида мешавад. Ин мӯъҷиза бо дастони мубораки кадом чевари боҳавсала офарида шуда бошад? Биёед, халтаро кушода ба саволамон ҷавоб ёбем.
Аз даруни халтаҷаи зебо каме тамоку, ду қоғази нафиси тамокупечонӣ, як қуттӣ гӯгирд, як дона пиёзи анзур ва як мактуб баромад. Мактуб дар як саҳифаи дафтари мактабӣ бо ранги сабз навишта шуда буд. Вайро Манумян бо овози баланд хонд:
«Саломи самимӣ ба ҷанговари диловари Сталинград!
Ман намедонам, ки ин тӯҳфаи ночизи ман насиби кадом ҷанговар мешуда бошад. Ба ҳар ҳол хеле хушнуд мегаштам, ки тӯҳфааш рафта расад. Илтимос мекунам, ҳар касе, ки гирад, ба ман мактубе нависад. Ман ҳаждаҳсола. Дар яке аз заводҳои машинасозии шаҳри Челябинск табелчӣ шуда кор мекунам. Бори дигар хоҳиш мекунам, вақтатон хеле қимат бошад ҳам, маро бо мактубчаи худ сарфароз намоед.
Бо камоли эҳтиром Боровикова Клавдия Максимовna.
Ноябри соли 1942, шаҳри Челябинск».
— Оҳҳо, ба хонаи худаш омада мондӣ-ку, ҷӯра! — якбора фарёд кард Манумян, — Аҷиб, хеле аҷиб. Хурсанд шудӣ?
— Чӣ хел хурсанд намешавӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё