Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Тақдирро бин-а. Ҳозир мактуби ҷавобӣ навиштан даркор, — таклиф кард капитан. — Майлаш, ту гӯӣ, ман менависам. Худи ҳозир мефиристем. Аҷаб не, пагоҳ даромада ояд. Вохӯрии аҷиб мешавад. Зоро ягон дугонаашро ҳам гирифта ояд-а? — шӯхӣ кард Манумян.

— Агар бо очакалонаш ояд-чӣ? — бо шӯхӣ гуфтам ман ҳам.

— Не, одатан, дар ин хел мавридҳо духтарон бо дугонаҳояшон меоянд.

Худи ҳамон рӯз мактуби ҷавобӣ роҳӣ намудем. Афсӯс, ки тамоми рӯзи дигар ду чашмамон чор шуду фоидае набахшид. Агарчанде наздик аст, чӣ тавр мактуб дар як рӯз соҳибашро ёфта метавонад. Рӯзи дигар гапи нав: ярадорони вазнинро ба госпитали дигар фиристодагӣ шуданд. Бадбахтона маро ба рӯйхати аввал навиштаанд.

Аз шаҳри Челябинск бо табъи хираю дили кашол рафтам. Аммо рӯзи дуюми ба Магнитогорск расидан ба Клава телеграмма фиристода, узрхоҳӣ намудам.

Баъди се рӯз ҳам аз Клава мактуб гирифтаму ҳам аз Манумян.

«Тақрибан баъди даҳ дақиқаи рафтанат, ҳамроҳи ҳамшираи хоҷагӣ ду духтари ҳамсолнамо пайдо шуд, — навишта буд Манумян, — дарҳол фаҳмидам, ки яке аз онҳо соҳиби халтача аст. Зеро дар чеҳраи онҳо хурсандию ҳаяҷон ҷавлон мезад. Ман пурсидам, ки кадоми онҳо Клава ном дорад. Духтараки рӯйкалонакаки парешонҳолаш «ман» гуфт. Воқеаи аз ин ҷо рафтанатро гуфтам. Бисёр афсӯс хӯрданд. Клава қариб гирья карда буд. Ҳамшираи хоҷагӣ ба онҳо воқеаро гуфта будааст. Аммо бовар карда будаанд. Ҳамин ки аз ҳақиқати ҳол огоҳ гаштанд, хеле хафа шуданд. Ман гуфтам, ки аз ҷои наваш зуд адрес мефиристонад. Ноумедӣ бисёр бад, чӯраҷон. Ман ҳам хафа шудам. Бо тезӣ мактуб навис. Маро ҳам фаромӯш накун.

Бо салом, дӯсти ту Манумян».

«Афсус мехӯрам, ки саҳл дер рафтаам, — гуфта мешуд дар мактуби дигар. — Агар дугонааш ба гирифтани савғотӣ дер намекард, дидорбинӣ муяссар мешуд. Оҳ, чӣ хел аҷиб мешуд-а! Ман чӣ хел дар ҳаяҷон будам, ки хатто навишта наметавонам. Аҳд кардам, ки меравам. Шояд ин орзуям ҳам ба амал ояд. То вохӯрӣ расмамро фиристодам. Хоҳишмандам, агар малол наояд, бо зудӣ як расматонро фиристед. Хайр, то дидан. Клавдия Максимовна Боровикова».

Ба ҳамин мукотиба мо давом кардем. Клавдия аз рафти

пешина
аз 323
навбатӣ