Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
дем, мунтазири навбат мехобидем. Яке аз ҳамшираҳои ҷавони шӯх назди ман омада гуфт:
— Кани, ҷавони чашмсиёҳ, марҳамат!
— Бигузор, маро Маша барад, — гуфтам таваккал карда.
— Маша? Оё шумо ӯро мешиносед? — ҳайрон шуд ӯ.
— Ҳа, дер боз, — шӯхиомез гуфтам.
— Маша! — бонг зад ӯ ба духтари ба печка такья карда истода, — Дав, ин ҷо хушдорат омадааст!
Духтари хушкадду қомати либоси сафедпӯш ба сӯи ман шитобид. Ӯ маро диду ҳайрон шуд. Дар чашмони осмониранги зебояш аломати ноумедиро дидаму аз кори кардаам пушаймон шудам.
— Шумо маро мешиносед? — пурсид Маша.
— Мебахшед, духтари нағз, — узрхоҳӣ намудам, — дар ҳамин ҷо номатонро фаҳмида гирифтам.
— Ҳе, нодон, мешиносам гуфтан гир-дия, — ҳазл кард офицери дар паҳлӯям хобида. — Аз ту чӣ меравад? Кабутари ба даст омада нишастаро магар мерамонад кас?
— Ҷавон-дия, ҷавон, — гуфт духтари шӯх ба кашидани либоси ҳамон офицер машғул шуда.
Маша мӯйҳои фатилаашро ба тартиб оварда, остин бар зад ва бо ман машғул шуд. Дастони барф барин сафеду ангуштони маҳинаш чолокона ба ҳаракат даромаданд. Ӯ либосҳоямро бо эҳтиёт кашида, маро ба ҳаммом даровард.
Пас аз ҳаммом Маша маро ба кати дар пешгоҳи хона буда хобонд. Пас, болоямро пӯшиду чашмонашро ба рӯям дӯхта хавотиромез гуфт:
— Мебахшед, озор дода бошам, узр мехоҳам...
— Не, ҳеҷ озор надодед.
— Чаро гирья кардед, абашод?
— Раҳмати калон ба шумо, хоҳари азизам. — Дигар чизе гуфта натавонистам. Чӣ ҳам гуфта метавонистам? Ягон калимаи муносиби хизматаш ёфта натавонистам. Вале тайёр будам ба чунин меҳрубонии беҳамто тамоми вуҷудамро бахшам. Оре, коре, ки Маша ва ҳамкорони ӯ анҷом медиҳанд, на хоҳари ҳамтанатон ва на модари худатон ба ҷо меоранд. Охир, кадом шахси наздикатон шумои луб-лучи модарзодро монандӣ кӯдак тозаю шустушӯ карда, ба оғӯшаш мегираду беозор бардор-бардор мекунад? Кӣ?! Ба духтари рус, алалхусус, ба зани қаҳрамони рус сад ҳазор қоил шудаму сари таъзим фуруд овардам!
Маша ба паҳлӯям нишаст ва дастрӯймолашро аз сари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё