Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
синааш бардошта, чашмонамро беозор пок кард. Ҳар ду дурудароз ба ҳамдигар нигоҳ карда мондем. Хомӯшӣ дер давом кард. Ҳангоме ки болои сандукча чашм дӯхтам, хоҳишамро пай бурду ҳамоно стакони чойро гирифта дод. Баъд табассум намуд ва чизе гуфтанӣ шуд. Вале худдорӣ кард ва ё шарм дошт. Ман на сухан ёфта метавонистаму на маҷоли сухангӯӣ доштам. Фақат намехостам, ки аз паҳлӯям дур равад. Дар наздам нишастани ӯ ба ман ҳаловат мебахшид.
— Ба назарам бисёр монда шудед, дам гиред, — гуфт Маша аз ҷояш хеста. Ва болоямро дурусттар пӯшида монд. — Хайр, нағзакак дам гиред.
Ӯ ба ҷавоби ман мунтазир нашуда, аз назарам ғоиб шуд. Аз пасаш дурудароз нигариста мондам. Мурғи хаёлам ба ким-куҷоҳо парвоз карда, дарди ҷароҳатам авҷ гирифт. Ҳарчанд дандон ба дандон монда, зӯр мезадам дардро фириб диҳам, вай ғолиб неомаду тоқатамро тоқ мекард.
Дард торафт авҷ мегирифт. Тамоми шаб мижа назада, оҳу вох карда баромадам. Танҳо пагоҳӣ, шояд аз беҳолу бедармонӣ бошад, андак ганаб кардаам. Ба гӯшам ким-чӣ хел садоҳо медаромад. Аммо фарқ карда наметавонистам, ки хобам ё бедор.
— Ин бемори нав чаро хӯрокашро нахӯрдааст? — шунидам билохир овози дағали занонаеро ва базӯр чашмонамро кушодам. Зани миёнақади фарбеҳе дар паҳлӯям рост меистод.
— Хӯрокатон хунук шудааст, чаро нахӯрдед? — пурсид ӯ.
— Бечора тамоми шаб хоб накард, — гуфт яке аз ярадорон.
— Дигаронро ҳам хоб кардан намонд, — илова кард кадом як берӯ.
— Мебахшед, ӯқочон. Шумо ҳам дар вақти нав омаданатон се шабу се рӯз гӯши ҳамаро ба қомат оварда будед, — ҷавоб дод ярадори аввала.
— Ҳеҷ гап не, — гуфт зан, — дард меҳмон. Имрӯз гирья мекунад, фардо хандаву бозӣ.
Зани фарбеҳ ҳамшираи хоҳагӣ будааст. Ӯ авзон маро фаҳмиד магар, узрхоҳона ҳолпурсӣ намуд. Ба ҷавонзани чеҳрахандони дар паҳлӯяш истода фармуд, ки дасту рӯямро шуста монад ва аз хӯроки гарм орад. Ӯ фармони Сардори худро бо чаққони том ба ҷо овард. Хӯрок дар болои сандукча, сари ман аз нав дар болин, зеро дард аз сари нав ба ҳуҷум сар карду иштиҳоро барбод дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё