Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Ҳа, дард зӯрӣ кунад, хӯрок он тараф истад, аз гулӯятон об ҳам намегузаштааст.
— Бемор, камтар хӯрок хӯрдан лозим. Дардро қувват мағлуб мекунад, — ба даст қошуқ гирифта ба ман хӯрок хӯронданӣ шуд ҷавонзани чеҳрахандон. — Биёед, ман мехӯронаm.
Дар ин ҳангом дари хона оҳиста кушода гардиду ба назарам, тамоми хона равшан шуд, якбора даҳшати дард ҳам гурехт. Ин на офтоб буду на мӯъҷизае. Ин Маша буд, ки ба ман қувваву дармон бахшид.
— Салом, бемор! Аҳволатон чӣ тавр? — нӯғ-нӯғи пой даромад ӯ, ба дигарон халал нарасониданӣ шуда.
— Бад не, — гуфтам, аз паҳлӯям ҷой нишон дода.
— Ба назарам, андак хароб шудед. Чӣ шуд? Хобатон набурд?
— Хӯрок намехӯранд, — ба гап ҳамроҳ шуд ҷавонзани чеҳрахандон. — Гир, ту хӯрон. Шояд аз дасти ту хӯранд, — косаю қошукро ба дасти Маша супурда рафт ӯ.
— Гиред, хунук нашавад.
— Иштиҳоям нест.
— Зӯрбазӯр бошад ҳам, хӯред. Ин тавр кунед, дард бадтар шудан мегирад. Ҳол он ки барои шумо духтур хӯроки иловагӣ таъин кардааст.
Ман ваъда додам, ки сонитар мехӯрам. Вале Маша ба ҷону ҳолам намонда, хӯрок хӯронд ва кофею чойро ҳам нӯшонд. Ба замми ин хушхабаре расонд, ки аз фардо барои хизмат ба палатайи мо меояд. Монанди он, ки гули пажмурдаро ба об монанд, андак ба худ меояд, каме қувват гирифтаму табъам равшан шуд, ҳатто як папирос ҳам кашидам.
Маша бо сӯҳбати ширини худ маро мафтун гардонд. Ҳаракат мекардам бисёртар савол диҳам, ки ба гап овора шаваду аз наздам наравад. Не, ӯ ҳам маро танҳо партофтани нест. Ман инро бо осонӣ мушоҳида кардам. Ӯ дили озурдаи маро нағз фаҳмидааст. Аз ин рӯ, аз дур даромад карда, бисёр калимаҳои тасаллибахшро ба забон гирифт. Оре, чунин аст хислати хуби одамӣ.
Ӯ ҳанӯз сухан меронд. Вале ман пай мебурдам, ки дар чашмони зебою лабони мачинаш ғаму андӯҳ пинҳон аст. Мехоҳад боз гап занад, аз гап гап мебарояд.
— Рӯзи аввали ҷанг кӯчамонро бардоштем. Падарам дар қатори аввалинҳо ҳалок гардид. Хун ба хун гуфту бародари калоннам ба ҷои падарам ба фронт рафт. Аз ӯ дере дарак нашуд. Укои хурднам Иван ҳам, ба хурдсо- линаш нигоҳ накарда, ба фронт ариза дод. Ман ва модарам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё