Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

духтар рӯндааст. Атса диҳӣ, садтоаш баробар «лаб-бай» мегӯяд.

— Беҳтар, ки хомӯш бош, — қаҳрам омад, — вагарна бо асо зада, анҷир мекунам!

— Чӣ, зада анҷир мекунӣ?! Маро?! Барои як духтари дамдузд аз ошноят ҷудо мешавӣ?! — ҳазломез фарёд кард ӯ. — Ҳой, бародарон, ҳушёр бошед, ин ошиқи беқарор ба лейтенанти гвардиягӣ ҳуҷум мекунад!

— Хомӯш, аҳмақ!

— Ана, шунидед, аҳмақ ҳам шудем! Ҳама тайёр бошед, ҳозир ҷанги сеюми ҷаҳонро сар карда мефиристонам! — боз шӯхӣ кард Фролов ва ба ман ҳамла оварданӣ шуд. То ки ягон нохушие рӯй надиҳад, ҳамхонаҳо ба ӯ даҳолат намуданд.

— Ба ярадорон шӯхии даҳонакӣ мезебаду халос, — гуфтанд онҳо.

Фролов ҷавони хушчакчаке буд. Чеҳраи ҳамешахандонаш доимо гул мекард. Камтар серманаҳакак ҳам буд. Андаке хомӯш истоду гап нашунавад, гӯё торс мекафид. Лекин дилбару раҳмдил буд. Ҳарчанд бомавриду бемаврид шӯхӣ мекард, зуд аз кардааш пушаймон мешуду узрхоҳӣ менамуд.

— Ҳафа шудӣ, ошно? — пурсид ба паҳлӯям омада нишаста. — Бо як пой рақсида диҳам?

Ман ҷавобе надода, рӯйчоро ба рӯям кашидам. Ӯ ҳарчанд шӯхиҳо кард, аз ханда худдорӣ намудаму худро хоб вонамуд кардам. Ӯ бовар кард магар, берун баромад ва дере нагузашта баргашт.

— Ошно, хез, Тамара меояд. Ба ту гап доштааст, — аз рӯям рӯҷоро гирифта партофта, Фролов илова кард: — Маро таъриф карда мон. Ба ту ошиқи шайдо шудааст, гӯй. Фаҳмидӣ?

Тамара хабар дод, ки имшаб рӯзи таваллуди Машаро қайд менамоянд. Дар охири долон, дар хонаи навбатчиёни ҳамшираҳои тиббӣ. Маро ҳам гирифта мерафтаанд. Фроловро ҳам мебаранд, ба шарте ки шӯхиҳои бемаврид накунад.

Вақте ки Фролов аз воқеа огоҳ гашт, аз хурсандӣ бо як пой ба рақс даромад.

— Саша, — гуфтам паҳлӯямро ишора карда, — ин ҷо шин, пеш аз тӯй накора нанавоз. Ягон маслиҳат кардагӣ даркор. Бо дасти холӣ чӣ тавр меравем?

— Як шиша шароби нағз дорем-ку, ҳамонро мебарем. Қанд, шпек дорам, — гуфт Фролов зери болинашро тит карда истода.

пешина
аз 323
навбатӣ