Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Ман мехоҳам ягон чизе туҳфа кунам, ки...
— Чӣ ҳаст охир?— гапи маро бурид ӯ ва андаке хаёл карда чизе ба хотираш омад.— Медонӣ, ҷӯра, ман як соати занона дорам. Дар фронт як ҷӯраам дода буд. Хеле зебо. Мӯди охирин.
— Оҳ, чӣ хел нағз! — хеле шод гаштам.— Майлаш, ба ивазаш соати маро мегирӣ. Боз чӣ хоҳӣ, медиҳам.
— Ман соат дорам, соати туро чӣ кор мекунам?
— Набошад, пул медиҳам.
— Чӣ, гумон мекунӣ, ки ман пул надорам?
— Чӣ мехоҳӣ, охир? Гӯй набошад.
— Як рақсида медиҳӣ, тамом.
Аз ҷоям нимхез шуда, дар рӯи чойгоҳ рақсидам.
— Мана, марҳамат,— соатро ба ман дароз кард Саша, аз зери болинаш гирифта.— Набошад, ҷӯра, соатро ту, шаробу кандро ман гирифта меравам. Маъқул?
— Олиҷаноб!
Хонаи на он қадар калони, дар атрофи столи зиёфат, ки хоксорона буд, ҳамагӣ шаш зану духтар нишастаанд. Барои ман, ки ҳанӯз дар стул нишаста наметавонам, ба диван ҷой кардаанд. Машаю Тамара оҳиста маро ба диван гузоштанду Сашаро ба стул таклиф карданд. Зеро ӯ хеле бардаму чаққон шуда буд. Аммо ман, бо ёрии Маша, монандӣ кӯдаки нав ба роҳ даромада, танҳо қадаммониро машк мекардам. Азбаски бори дуюм роҳгардиро машк мекунам, тарсидаю ваҳмида қадам мемонам. Маша ҳам хеле эҳтиёт мекард, ки бори дигар «наафтонад» гунаҳкор нашавад.
Бо таклифи ҳамшираи хоҷагӣ қадаҳи аввалин ба саломатии сабабгори зиёфат Маша бардошта шуд. Гуфтани қадаҳи дуюм насиби ман гардид.
— Пеш аз он ки қадах гӯям, иҷозат диҳед, туҳфаи ночизи худро,— гуфтам аз ҷои нимхез шуда,— ба Машаи азизу меҳрубонам супорам.— Дар зери чапакзаниҳо ба дасти Маша соати баста, қадахро баланд бардоштам.
Машаро хурсандии беинтиҳо фаро гирифт, ашки шодӣ рехта, гапашро ҳам гум карда монд. Оре, ба қавли худаш ба ин ҳеҷ интизор набуд. Ӯ бо овози махину ларзон аз самими қалб ташаккур гуфт ва маро ба оғӯш кашида бӯсид. Шояд ба лавҳаи хотираш падару бародаронаш ва орзуҳои онҳо нақш ёфта бошанд, ашки равонашро бо рӯмолчаи нафиси сабзаш пок карда, оҳи пурдарде кашида монд.
Саша, ки дар паҳлуи Тамара нишаста, бозори аскияро метафсонд, шӯхиро сар кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё