Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охир, дар замони ҷанг газета дар вақташ набарояд, чӣ хел мешавад?

— Ором шавед, газета набаромада намемонад, — гуфтам нусхаҳои чопиро гирифта. — Ҳеҷ кас набошад, худамон мехонем. Шумо ёрӣ медиҳед.

— Чӣ? Ман ёрӣ медиҳам? Одамҳои шумо дар куҷоҳо маншат карда мегарданду ман саҳифа мехонам? Саҳифаро кӣ ислоҳ мекунад?

— Шумо кадом «маншат»-ро дар назар доред? Оё ҳозир вақти маншат аст? Маншат ба дили кӣ меғунҷад?

— Чаро ба кор дар вақташ намеоянд набошад?

— Навбатдорро ба фронт гуселонидем, мусахҳеҳ ҳам ба гусел кардани бародараш рафтааст. Охир, чӣ илоҷ? Худатон медонед, ки фронт киро чӣ занад, ҳамоно бояд «лаббай» гӯяду равон шавад. Оё ману шумо онҳоро нарав гуфта метавонем?

— Ҳа-а...

Ба назарам, саҳифабанд аз гуфтааш пушаймон шуд, ки маҳзунона сар ҳам кард. Ӯ дурудароз хаёл карду оҳиста аз ҷояш хеста, аз назди ман дур шуд. Дере нагузашта, дар як даст маҳоркао дар дасти дигар материалҳо баргашт.

— Хайр, майлаш, — гуфт ӯ ба ман маҳорка дароз карда истода, — одам аз кор намемирад. Ҳар чӣ шаваду тезтар ғалаба шавад... Мо ҳамроҳи саҳифабанд ҳамчун мусахҳеҳ саҳифаҳоро хондем. Ӯ ба матбаа рафта, ба ислоҳи саҳифаҳо сар кард. Баъди ислоҳот ман бори дигар саҳифаҳоро ҳамчун муҳаррир мебоист мехондам.

— Салом! Ҳа, ҳанӯз силпазӣ карда нишастаӣ? Магар то ҳол тамом нашудааст? — пурсид Ҳаким Карим аз дар даромада. Ӯ ҳамин хел одатҳо дошт. Дар редакция кор накунад ҳам, чун ходими кӯҳнатарини газета тез-тез ба идора меомад, ба рафиқон — ба шогирдони худ, вақташро дареғ надошта то метавонист, ёрӣ мерасонд.

— Саҳифаи якумро акнун сар кардам, — гуфтам аз ҷоям зуд хеста.

— Имрӯз ин қадар дер мондӣ? Ё палавхӯрӣ карда гаштию саҳифаҳониро фаромӯш кардӣ?

Воқеаро ба ӯ батафсил фаҳмондам. Ӯ андак хаёл карду ба қафои миз гузашт.

— Ин тавр бошад, — гуфт Ҳаким-ака, каллапӯшашро ба пештахtai тиреза гузошта истода, — саҳифаро ба ман деҳ, укочон. Имрӯз ба ҷои ту муҳаррир шуда гирам. Кӣ медонад, мумкин охирин саҳифахонии ман бошад. Ту аз панҷ чой-пой шав, ё дам гир.

пешина
аз 323
навбатӣ