Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ташвиш кашида чӣ кор мекунед, худам мехонам, — гуфтам.
— Чӣ, ба ман бовар намекунӣ?
— Бовар мекунаму...
— Ин тавр бошад, ту ҳамчун муҳаррир хон, ман ҳамчун корректор.— Ё ин ки,— ҳазломез маро аз курсӣ дур кард ӯ,— биё, хез аз ҷоят, акаат як муҳаррир шуда гирад. Саҳифаи дигарро биёр.
— Ҳазл накунед, куҷо меравед?
— Ба фронт меравам, укоҷон, ба фронт.
— Фронт бе шумо намешудааст, магар?
— Ҳа, бе ман намешавад, укоҷон. Охир, акаат,— гуфт ӯ, бо ангушташ сари синаашро ишора карда, — командири запас, фаҳмидӣ? Бо ман эҳтиёт шуда гап зан. Аз ҳамин рӯз «товарищ лейтенант» гуфта, муроҷиат мекунӣ, укоҷон. Встать!

«Есть!» гуфта, ҳамоно ҷаста аз ҷоям хестаму даст ба чакка бурдам.
— Саҳифаи дигарро биёр!
— Охир, шумо дар ақибгоҳ бисёртар фоида расонда метавонед-ку? Шумо журналист, нависанда, устодамон. Аз рӯзи ташкили газета кор мекунед, кадрҳои бисёр тайёр кардед. Ба фикри ман, шумо дар ҳамин ҷо ба шогирдон сарубар шавед. Барои ғалаба дар ақибгоҳ ҳам кор нишон додан мумкин. Ба болои ин чашматон хира, шуморо намегиранд.
— Дар ҳақиқат, дар ин ҷо ду-се бор ба военкомат рафтам, зорӣ кардам, нагирифтанд. Акнун ба Сталинобод меравам. Дар он ҷо ҷӯраҳо дорам. Гапзанон карда, чӣ хеле ки набошад, менависонам. То наравам, намемонам.

— Дар ин ҷо нагирифта бошанд, дар он ҷо ҳам намегиранд, — гуфтам.— Қоида дар ҳама ҷо як аст. Беҳтараш...
— Роҳ ёфтан мумкин, укоҷон. «Ба мурдан илоҷ нест», мегӯянд.
— Умуман, ба фикратон ман розӣ нестам, — гуфтам бо оҳанги эътироз.— Ман ҳам нияти рафтан дорам. Аммо шумо бояд дар ақибгоҳ хизмат кунед. Назар ба мо, ҷавонҳо, ду-се баробар зиёдтар фоида расонда метавонед.
— Ту намефаҳмӣ, укоҷон, — ҷиддӣ гуфт ӯ, дуди папиросашро фаввора запонда.— Мақсади ман тамоман дигар. Ман бояд доғи сиёҳи ҳаётамро сафед карда оям. Бояд исбот кунам, ки ба маънои томаш авлоди Ленин, большевик ҳастам. Фаҳмидӣ?

пешина
аз 323
навбатӣ