Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Армияи мо шаҳри Киевро озод кард. Аз хурсандӣ тарсро ҳам фаромӯш карда, чӣ хел омада монданамро худам намедонам, — гуфт у.
Мо ғалабаи навбатии армияи диловарамонро шунида, чапакзанон чунон бо овози баланд «ура» гуфтем, ки қариб ҳамсояҳои масти хоб бедор шуда буданд. Ҳатто Раҳматҷон Сандов аз графин ба стаканҳо об рехта, ба шарафи ғалабаи нав қадаҳ бардоштанро таклиф кард.
Ин таклиф, агарчанде шӯхӣ буд, қабул шуд.
Оварандаи ин муждаи тоза ходими ҷавони газета Ҳафизахон Наимова буд. У як сол пеш, баъди хатм намудани институти занонаи шаҳри Ленинобод ба редакция омада, ҷои бародари ба фронт рафтаашро ишғол карда буд. Азбаски «ба ҷои пир асои пир» шуду Ҳафиза вазифаи бародарашро давом дод, ходимони редакция уро ба ҷои Наимова — Наймӣ меномидагӣ шудаанд. Ҳамин тариқ, у чун духтари редакция ном бароварду аз оғўши гарми матбуоти советӣ ҷой гирифт.
Духтари дигари редакция Муҳаррамҷон Шокирова буд, ки истеъдоди фавқулодда дошт ва монанди Наимова аз душвориҳо наметарсид. Субҳи барвакт ба кор ҳозир мешуду то саҳифаҳои газета ба руи мизи кори муҳаррир тайёр нашавад, аз идора берун намерафт. Азбаски ба кори матбуот муҳаббати беҳамто дошт, дере нагузашта аз шогирдӣ то ба котибии масъули газета расид.
Барои он мисолхон замони ҷангиро ба хотир меорам, ки коркунони матбуот дар иҷрои вазифаи муқаддаси худ душвориҳои бисёреро аз сар гузарониданд. Барои он духтарони боиродаи редаксияро номбар мекунам, ки он солҳо аксарияти коркунони редаксияро ташкил медоданд ва баъзан роли асосӣ мебозиданд. Албатта, аз мардҳо ҳам буданд. Вале ниҳоят кам буданд. Яке аз коркунони асосии редаксия нависандаи маъруф Раҳим Ҷалил буд. Уро ба сардории шӯъбаи вилоятии санъат тайин карда буданд. Бо вуҷуди ин, ҳар рӯз як пойнӯ дар редаксия буд. Вале аксар рӯзҳо тақдири газета дар дасти Муҳаррамҷону Ҳафизахон барин коркунони ҷавон мемонд. Онҳо дар чунин шароити вазнин ором нагирифта, шабу рӯз суботкорона меҳнат мекарданд ва обутоб меёфтанд.
Кори ҳамоншаба то баромади офтоб тӯл кашид. Ҳангоми ҷӯшу хурӯши кор Муҳаррамҷон назди дар омаду оҳи чуқур кашида гуфт:
— Ҳафизахонро табру ларза гирифтааст. Чӣ кор мекунем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё