Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Гӯед, ба хонаашон раваду дам гирад.
— Гуфтам, немеравам, мегӯяд, «Корро кӣ мекунад», мегӯяд.
— Нахоҳад, ба ҳамин ҷо духтур чег занед, ё болояшро дам карда монед, ҷойи гарм карда диҳед.
— Чойи хушкро аз куҷо меёбем?
— Аз ҳамсоя илтимос кунед, ходими идора бемор шуда монд гӯед. Нашавад ба чойхона меравем. Андак беҳтар, ки шуд, ба хонааш мефиристонем.
Бегоҳии рӯзи зимистон. Қавоқи ҳаво гирифтагӣ. Шамоли барфолуди хунук аз дару тирезаҳо зада даромада, хотири ходимонро парешону каламашонро камсамарад мегардонд. Кошки дару тирезаҳо шалак намебуданд. Ба замини ин, ангишт набуд, ҳезум ёфт намешуд. Ягона печкаро бо қоғазу хасу хошок гарм мекардем. Ходими ҷавони редаксия Шарафнисо Муҳаммадҷонова тамоми корашро монда, ба тафсонидани печка банд буд. Бо ҳамин машаққат кабинети аз ҳама хурдеро ба ифоқа оварда, корро давом додем.
Муҳаррамҷон ба назди машинка нишаста, ба тарҷумаи ахбороти охирин машғул шуд. Ман материалҳои маҳаллиро дида, ба матбаа мефиристодам. Ҳанӯз як соат нагузашта, дидам, ки Муҳаррамҷон сарашро ба болои машинка мондааст, тарсидам, ки мабодо ин ҳам бемор нашуда бошад. Хайрият, хоб бурда будааст. Бигузор андак ганаб кунад, тамоми шаб хоб нарафтааст.
Саҳифа ҳам баромад. Бояд тезтар хонем, ки ин шаб ҳам шабзиндадорӣ накунем. Муҳаррамҷон ба ҷони дугонааш ҳамроҳи Шарафнисо ба саҳифахонӣ шурӯъ кард. Дар ин асно Ҳафизахон пайдо шуд.
— Шумо ҳанӯз ҳам ин ҷо? Ба хонаатон равед, дам гиред, нагуфта будам? — гуфтам.
— Дар ҳамин ҷо дам гирифтам. Акнун саҳифаро худам мехонам. Дугонаҷон, акнун шумо ба хонаатон рафта, дам гиред,— гуфт ӯ аз назди Муҳаррамҷон саҳифаро гирифта.
— Худатон дам гиред,— саҳифаро аз сари нав гирифт Муҳаррамҷон,— ранги рӯятон як аҳвол. Ларзида истодаеду боз мегӯед, ки «саҳифа мехонам».
— Шумо рафтан гиред, апа, ман мехонам,— ба гап ҳамроҳ шуд Шарафнисо.— Ҳамаашро худам мехонам.
— Рост мегӯянд,— илова намудам,— беҳтар, ки оҳиста-оҳиста ба хонаатон раведу атола-патола карда хӯрда, хобед. То пагоҳ дам гирифта биёед, ана баъд инҳо мераванд. Охир, ин шаб дам нагиреду бемор шуда хобида

пешина
аз 323
навбатӣ